Раҳим каримов дар бораи омехтагии ҳнит бо дииш

Боиси хушбахтист, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон, пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаву рӯзғор ва фаҳмидаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ нашр намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ паҳн карда истодаанд.
Ин ташкилот дар Тоҷикистон худро бо ном Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номида буд, ки мутаассифона фаъолияти пасипардагиашон бо ДИИШ фарқе надошт, яъне гуфтору кирдорашон бо ҳам яке буд. Дар ҳақиқат ҳамаи ҳуҷҷату далелҳо исбот мекунанд, ки ҲНИТ ҳамон ДИИШ асту ДИИШ ҳамон ҲНИТ. Ҳамфикру ҳаммақсадҳояшон якест, як сарпараст, як вазифа, як тарзи фаолият ё ба таври дигар бо русӣ гӯем «як почерк» доранд. Фақат вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ дар номи ДИИШ калимаҳои «Ироқу Шом» омадаасту дар номи ҲНИТ калимаи «Тоҷикистон».
Айни ҳол дар даврае, ки ҷаҳон то рафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратон печида истодааст, қарзи ҳар як фарди мусулмони бо имону ватандӯст, ин роҳ надодан ба ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм мебошад. Акнун вақти он расидааст, ки миллати тоҷик беш аз пеш зираку худогоҳ бошад. Душманони миллати тоҷик бо макру ҳилаҳои худ қаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, бар алайҳи давлату миллати худ хиёнат намуда истодаанд.
Шоми 8-уми августи соли 2017 вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанадеро дар телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузошт, ки боз ҳам парда аз рӯйи аъмоли хоинона ва террористии ҳизби мамнуи ҲНИТ бардошт. Дар ҳақиқат филми мазкур, аз забони террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиқ ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон гардидаанд, хеле воқеъбинона таҳия шудааст.
Ҳақиқат ин аст, ки ин хоҷагони носипос ҳадафи аслии хеш, ки тафриқаандозӣ, сиёсатбозӣ аст, бо ҳеҷ ваҷҳ аз даст доданӣ нестанд. Ин хоҷагон мехоҳанд, ки барои расидан ба мақсадҳои бади хеш ҷавонони беилму маърифатро гирифтори макру фиреби худ гардонида, дар атрофи худ ҷамъ намоянд.
Террористони дастгиршуда иқрор гардидаанд, ки бо супориши Саид Абдуллои Нурӣ ба Эрон рафта, услуби таълими ҷангу террористӣ омӯхта, сипас бо дастури Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузорӣ карда шуда, бо маблағҳои муайян ба террори шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва аскарону афсарони двизияи 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон даст заданд. Аз рӯи тасдиқи ҷинояткорон шахсияти маъруфи тоҷик - вакили парлумон ва ҳуқуқшиноси варзида Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷумлаи ҳамон терроршудагон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҲНИТ зери роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият намуда истода, то ба ҳол низ фаъолият карда истодааст. Айни замон ҲНИТ яке аз муҳимтарину асоситарин ниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби шиа ба кишварҳои дигари минтақа аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи ин сохтори терористӣ мебошад.
Вале мутаассифона, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҳама факту далелро, ки аз забони худи ҷинояткорон баён мешаваду воқеияти ҳол мебошад, беасос мешуморад. Ва гӯё ҳамаи ин гуфтаҳо нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон туҳмату буҳтон бошанд.
Дар гузашта шахсони номаълуме дар назди Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа шахсеро ба қатл мерасонанд ва аъзоёни ҲНИТ мардумро тарғиб ба он мекунанд, ки бар зидди Ҳукумати ҳамонрӯза бо шиори «Ҳукумат бояд истеъфо диҳад» ошубе барпо намоянд. Дар ҳамон замон роҳбарони ҲНИТ чунин ғояро тарғиб мекарданд, ки мардум бояд ба майдон бароянд вагарна онҳо ҳамчун мусулмон маҳсуб нахоҳанд шуд.
Роҳбари ҳизби мамнуи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳ бо пайравони хеш як гурӯҳи мусаллаҳи террористони дар сар фикри хиёнат ба Ватан доштаро бо сардории Ҳоҷӣ Ҳалим ташкил намуда, мақсад доштанд, ки мардуми тинҷу осудаи Тоҷикистонро пушти ниқоби ислом ҳамфикру ҳамрадифи хеш намуда, ноором созанд. Оё воқеаҳои даҳшатноке, ки аз ҷониби мулло Абдулло - яке аз фармондеҳони ҲНИТ дар дараи Камаров анҷом ёфт, ҳама далели ҷангу нооромӣ набуд? Ду мошин яроқе, ки бо супориши Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода барои куштани миллати тоҷик аз Вазорати мудофиа рабуда шуд, оё ин амали террористӣ нест? Дигар онҳо бо ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофарини тоҷикро фиреб дода наметавонан, чунки халқи тоҷик ин амалҳои он шахсоне, ки чунин фикру ақида дар сар доштанд, дар солҳои навади асри гузашта дидаву санҷида буданд.
Гузашта аз ин, метавон барои мисол ҳодисаҳои соли 1992 дар гуруснагӣ муҳосира кардани минтақаи Кӯлоб, ки боиси тухми алафу ҷорӯб хӯрдани мардум ва гушнамарг шудани ҳазорон нафар занону кӯдакон гашта буд, гаравгон гирифтани парлумон, гаравгон гирифтани хонандагони русзабони мактаби № 8-и пойтахт, солҳои 1994-1998 бо таъсиси конслагери халқӣ дар минтақаи Тавилдара, хусусан дар Вахёи Боло ва Миёнаду ба муддати 4-5 сол чун ғулом нигоҳ доштану кор фармудани беш аз 1000 нафар одамон, соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони заставаи 12-уми сарҳадбонони Россия, соли 1997 дар Тавилдара ваҳшиёна куштани ҳайати СММ, соли 2010 ташкили қатли дастаҷамъии наваскарони бегуноҳи Вазорати мудофиа дар дараи Камаров, силсилаи қатлҳои шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва ғайраро баён намуд, ки ҳар як амали зикршуда аз разолат ва ҷаҳолати роҳбарияти ҲНИТ шаҳодат медиҳад. Инчунин, ҳамаи ин амалҳои разилона нишон медиҳанд, ки дар масъалаи зулму бераҳмӣ ва қатлу ҷиноят байни ҲНИТ ва ДИИШ ягон фарқияте нест.
Илова ба ҳамаи ин гуфтаҳо тарзи фаъолият, мақсади асосии ДИИШ ва ҲНИТ ҳама яксон аст. Яъне ҳадафи аслӣ ба даст овардани мансабу соҳиб гаштан ба қудрат ва ташкил намудани давлати террористӣ бо ном исломӣ. Бе мавҷудияти ин ду гурӯҳ, яъне ҲНИТ ва ДИИШ мардуми мусулмони кишвар аркони шариати исломиро ба ҷо оварда истодаанд. Ислом ба ин гуна ҳизбу ҳарактҳо ягон эҳтиёҷе надорад ва нахоҳад дошт, зеро ислом худ мусулмонро бародари мусулмон хондааст ва миёни онҳо сулҳу бародариро ҷорӣ намудааст. Чунончи Худованд дар сураи Ҳуҷурот, ояти 10-ум мефармояд:
«Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад».
Пас чаро роҳбарони ҳизби мамнуи ҲНИТ, ки ин қадар даъвои мусулмониву диндорӣ мекунад, ин ояи каримаро сарфи назар намудаанд? Ба ҳама суолҳо ҷавоб яктост, мақсади онҳо танҳо қонеъ кардани нафси худ ва ба сари қудрат омадан буд, на мусулмониву диндорӣ. Дар охир ба халқи тоҷик чунин муроҷиат карда гуфтаниям, ки Худованди мутаол мусулмононро аз бархӯрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар дошта, онҳоро аз вайронкорӣ ва зулму ситаму қудратнамоӣ нигаҳ дорад. Дар гузашта ҲНИТ ва рафтори зишти он боиси эҷоди ихтилоф ва омилҳои бад миёни мардуми шарифи тоҷик гардида буд, ки мехостанд Тоҷикистонро ба гурӯҳҳо ҷудо намоянд ва парокандагиро ба миён оваранд, дар ин замина тавонистанд якчанд амалҳои террористиву кушторҳои ваҳшиёнаро низ бо хости хоҷагонашон анҷом диҳанд.
Худованд дар ояти 28 – уми сураи Сод мефармояд:“Оё касонеро, ки имон доранд ва аъмоли нек анҷом медиҳанд, монанди касоне қарор медиҳем, ки фосиду вайронкор ҳастанд ?”.
Яъне ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро бо ҳам яксон қарор намедиҳем ва ё инсонҳои мутаққӣ ва парҳезкорро монанди инсонҳои фосиқу гунаҳкор қарор намедиҳем!
Дар гузаштаи начандон дур мардум дар рӯйи ҷаҳон аз ваҳшигариҳои гурӯҳи ифротиву Террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ки ДИИШ ба ҳайрат омада буданд. Бо бераҳмӣ куштани гурӯҳ-гурӯҳ одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзонидан ё тарконидани инсонҳо, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гӯрмонанд, қир кардани одамон аз рӯи қавму мазҳаб ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки ДИИШ анҷом додаистодааст, ҳар рӯз одамонро дар саросари дунё ба ташвиш меорад.
Роҳбарону пайравони гурӯҳи террористии ҲНИТ боре ҳам ба худ суол кардаанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Афғонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору ақидаи бегонаашон аз эътимоди мардум сӯистифода карда наметавонанд, мехостанд бо зӯри ҳокимиятро ғасб намуда, манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ созанд. Аммо ин фикри онҳо хаёли хом мебошаду бас, чунки мардуми мусулмони тоҷик дигар ба доми ин хиёнаткорони ватанфурӯш намеафтанд, зеро онҳо сарвари хирадманде ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки бисёр оқилу доно ва воқеан ҳам ватандӯсту қавиирода мебошад. Ва дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ гардида, кишвари азизи худро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.
Раҳим Каримов,
декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر