الصفحة الرئيسية المقالات Бори каҷ ба манзил намерасад

Бори каҷ ба манзил намерасад

Бори каҷ ба манзил намерасад
2018-02-13
3146

Имрӯзҳо дар матбуоти даврӣ хабарҳое нашр мешаванд, ки «Гурӯҳи 24» аз гурӯҳи дигари ифротӣ-ҲНИТ ҷудо гардидааст. Табиист, ки амали бад ва рафтори нораво дар чашми кулли инсоният бад менамояд, новобаста аз он ки дӯст аст ё душман.

ҲНИТ, ки дини мубини исломро хост бар манфиати худ истифода барад ва ғаразҳои нопоки худро байни ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 99%-и он мусулмон буда  ва пойбанди мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пиёда  созад, мардум онро қабул накарданд ва имрӯз аз хориҷ мехоҳад тафриқа кунад.
Худованд дар Қуръони маҷид, дар сураи "Ториқ " доир ба аҳволи шахсоне, ки дар пинҳонӣ аъмоли зиштро анҷом дода онро зебо ҷилва додан мехоҳанд, чунин мефармояд:

"Рӯзе ҳамаи сирру асрор ошкоро хоҳад шуд”.

Аз ин лиҳоз, имрӯз аҳдофи ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш ошкор шуд ва ҳатто пайравону шариконаш ғарази онҳоро дарк карда, аз ТЭТ ҲНИТ канораҷӯӣ мекунанд.

Дар урфият мегўянд: " Бори каҷ ба манзил намерасад".

Миллати тоҷик  дарк кард, ки  кӣ дӯст аст ва кӣ душман.
Имрӯз қишри ҷомеа чи пиру барно, чи зиёиву чи коргар ҳама хизматҳои Сарвари давлатро бо чашми сар дида самараи онро чашида истодаанд, аз ин рў, ҳеҷ гоҳ ба доми душманон намеафтанд.

Имрӯз ҳамаи мо дар атрофи андешаҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, давлати худро обод намоем ва нагузорем, ки ягон бебасар ва хирасаре бо чашми ҳасад ба диёри биҳиштосои азизамон назар бикунад, зеро ҳеҷ як ташкилоти ифротию террористӣ, аз ҷумла ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш  намехоҳад, ки Ҷумҳурии азизамон пеш равад.
Шукрона мекунем, ки замон тинҷу амон, ризқу рӯзии мардум фаровон, ҷавонони ин миллат рӯй суи илму маърифат оварда дар атрофу акнофи олам, дар давлатҳои мутараққӣ улуми муосирро таҳсил карда барои гулгулшукуфии Ватани худ саъй доранд.

Абдуҷамол Ҳомидов,

сархатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.05.2025

أكثر
الفجر03:31
الظهر12:40
العصر17:47
المغرب19:45
العشاء21:15
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر