БА АҚЛИ СОЛИМ, ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ ВА ТАЪКИДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАКЯ КУНЕМ

Аз сарчашмаҳои исломӣ бармеояд, ки терроризм ва экстремизм ифодаи тундгароӣ буда, ҳеҷ рабте ба дини мубини Ислом надорад. Яъне зери таъсири андешаи дурӯғи аз доираи таълимоти динӣ берун дар ниҳоди шахс ҳиссиёти экстремизм тарбият меёбад. Барои шахси экстремист ягон муқаддасот – Ватан, миллат, мазҳаб арзише надорад. Чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон доир ба ин масъала зикр намуданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ таъкид кардам, ки террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад”.
Пешвои миллати мо дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки танҳо дар соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии ин ифротгароён қарор гирифтааст.
Маълум аст, ки дини мубини Ислом низ чунин зуҳуроти номатлубро дар кадом шакле набошад ва қатъи назар аз он ки аз сӯи кӣ анҷом дода мешавад, ба таври қатъӣ маҳкум менамояд, зеро Худованд дар Қуръони карим ба инсонҳо дастур медиҳад, ки “Дар замин фасод накунед, хуни ноҳақ марезед”.
Пас, бо такя ба ақли солим, ба таълимоти дини мубини Ислом ва ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони моро мебояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, то боиси бадномии худ, аҳли хонавода, дину мазҳаб ва дар маҷмӯъ Ватани азиз нагарданд.
Ҳ.Шарипов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
«Шоҳ Низом»-и ҷамоати деҳоти
Заргари ноҳияи Кӯшониён
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر