الصفحة الرئيسية المقالات Бахту саодат- меваи дӯстию рафоқат.

Бахту саодат- меваи дӯстию рафоқат.

Бахту саодат- меваи дӯстию рафоқат.
2018-04-06
3446

Зиндагии шоиста, ҳаёти осоишта ва хушбахтона орзую ормони деринаи инсоният мебошад. Ҳар як инсон аз он рӯзе, ки худро мешиносад, барои дарёфт намудани калиди бахту саодат, роҳи рӯзгори пурфайзу пурнишот, расидан ба кӯйи мақсаду мурод, яъне хушу хуррам гузаронидани умри азизу ширин кӯшишу талош меварзад. Аммо на ба ҳар кас ин муяссар мегардад. Калиди бахт ба ҳама дастрас нест. На ҳар фард дар давоми умр роҳи хушбахтӣ, макони ормонии зебою гуворои шодкомиро ёфта метавонад. Ин роҳ душвору дуру дароз ва пуршебу фароз менамояд. Агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем, ки дар тӯли асрҳо дар ин роҳ садсолаҳо одамизодагон ба мушкилию нобарориҳо, нокомию рӯзҳои сахт гирифтор шуда, чӣ қадар азобу машаққти бисёр кашидаанд, ба офату бадбахтиҳо дучор омадаанд. Мутаассифона дар замони мо ҳам рӯзҳои  сахту сангин ба сари инсонҳо меоянд. Бештари мавридҳо ҳамдигарнофаҳмӣ, ҷудоихоҳӣ, худро аз дигарон боло гирифтан, манфиати хештанро пештару авлотар донистану манфиату хоҳиши дигаронро нодида гирифтан боиси кашокашу низоъҳо, кинаю ситеза ва ҷангу ҷанҷоли байни одамон, маҳалҳо ва киварҳои гуногун мегардад ва ба сари мардум харобию вайронаҳо,  маҳрумияту талафотҳои гарон меорад. Ҳол онки инсон, одамизод беҳтарин офаридаи Парвардигори меҳрубон аст. Худованд дар Қуръони карим фармудааст «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем». Модоме, ки чунин аст, пас ҳамаи инсонҳо новобаста ба миллату нажод наздики Худованд азизу мукаррам мебошанд, онҳо барои Офаридгори худ баробаранд, ягон пастӣ ё баланди надоранд, ҳама яксон аз лутфу меҳрубониҳои Ӯ бархӯрдоранд. Аз ин рӯ, инсонҳоро зарур аст, ки нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд, байни худ меҳру муҳаббат, иззату ҳурмат, дӯстию рафоқатро  поянда нигоҳ доранд.

           Худованд дар сураи Нисо ба бандагонаш мефармояд: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики  ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамниши наздик ва мусофир ва онки дасти шумо молики ӯ шуд, накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки мутакаббиру худситоянда бошад». Дӯстии байни одамон аз чунин рафтору амалҳои шоистаи инсонӣ, гуфтори нарму ширин, пиндори нек оѓоз меёбад. Дустию дӯстдорӣ дар ҳар як оила, маҳалла, деҳа, шаҳру ноҳия, вилоятҳо, тамоми кишвар ва байни кишварҳо бояд барқарор истода бошад, токи одамон дар фазои меҳрубонӣ, иззату ҳурмат хушу хурсандона умр басар баранд ва худро саодатманду бахтиёр ҳис карда тавонанд. Мутафаккирону хирадмандон, адибони бузурги оламшумули халқи тоҷик бо санаду такя ба оятҳои китоби муқаддас ва ҳадисҳои ҳидоятбахши Пайѓамбарамон (с) барои аҳли башар панду ҳикматҳои саршор ва хиради равшангар мерос гузоштаанд, ки сарчашмаи хушбахтӣ, ҳаёти шоистаи одамон бидуни дӯстию рафоқат амри маҳол ва имконнопазир мебошад.

                                        Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

                                        Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

          Бар ҳақ фармудааст, поягузори шеъри тоҷикии порсӣ Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Модоме ки ҳамин тавр аст, пас бояд инсонҳо ба қадри дӯст ва дӯстӣ расанд, то рӯзгори хушу хуррам дошта бошанд.

Лисонулѓайб Ҳофизи Шерозии ширинсухан ҳамин маъниро хотирнишон карда, одамонро даъват менамоянд, ки дӯстпарвар бошанд ва нагузоранд,ки дар боѓу бӯстони зиндагии инсоният дарахти душманӣ беху реша ронад.

                                 Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад,

                                 Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Инсон бояд дар шинохти дӯсти ҳақиқӣ хато накунад, дӯстро аз шахси  дӯснамо фарқ карда тавонад. Адибони бузурги мо дар ин маънӣ шоҳбайтҳои бисёр таълиф намудаанд, ки барои шинохти дӯсти ҷонӣ мадад мерасонад.

                                Дӯст машмор он, ки дар неъмат занад,

                                Лофи ёрию бародархондагӣ.

                                Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст

                                Дар парешонҳоливу дар мондагӣ-

гуфтааст дар ин маврид шайх Саъдӣ Шероз.

                                      Бани одам аъзои якдигаранд,

                                      Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

                                      Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

                                      Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дар тараннуми сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода дар замони мо анъанаҳои неки устодони гузаштаро давом дода, аҳли башарро ҳушдор медиҳад:

                                        Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

                                        Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

                                             ***          ***            ***

                                        Дӯст ояд гарм дар оѓӯш гир,

                                        Расми хуби тоҷиконро гум макун.

            Халқи хирадманду заҳматпешаи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо дӯстию ваҳдатро шиори зиндагии худ карда, бо халқҳои дигар дӯстона ва хайрхоҳона муносибат карда, чун миллати соҳиби фарҳанг ва маърифати воло дар байни мардумони дигар ном баровардааст. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи давлат ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо таври рӯзафзун боло меравад. Сиёсати дарҳои кушод, ки рукни асосии сиёсати берунии давлати мо мебошад, меваҳои ширини худро дода истодааст. Беш аз 130 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохта, робитаҳои дуҷонибаи судманди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро бо кишварамон густариш медиҳанд. Дар соли 2018 –«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз шудани сарҳадҳои байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон боиси хушнудии халқҳои дӯсту бародари тоҷику ӯзбек ва дӯстон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гардид. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба мустаҳкамшавии робитаҳои байни одамон, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳад кард. Ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, бояд шукрашро баҷо орем. Ин ҷо сухани пурҳикмати шоир ба ёд меояд, ки барҳак фармудааст.

                                      Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

                                     Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Ф.Каттаев,

 Имомхатиби масҷиди ҷомеи

 «Қалъа»-и  ҷамоати деҳоти                                             

Чилгазии шаҳри Исфара                      

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.05.2025

أكثر
الفجر03:32
الظهر12:40
العصر17:46
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر