Ғайбат ва бадгумонӣ – амали ғайриинсонӣ

Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст! (сураи Ҳуҷурот, ояти 12).
Дини мубини ислом динест, ки тамоми робитаҳои иҷтимоии инсонҳоро мадди назар дошта, барои ҳар кадоми онҳо меъёрҳо ва дастурамалҳои муфиде дорад. Аз ҷумла, масъалаи эҳтироми обрӯ ва шахсияти инсон аз масъалаҳоест, ки дар дини ислом аҳамияти бисёр калон дорад. Эҳтироми обрӯву шахсияти инсон аз воҷибот ба ҳисоб рафта, беэҳтиромӣ нисбат ба он, аз гуноҳони кабира маҳсуб мегардад.
Гоҳе баъзе аз рафторҳои инсон сабаб мегарданд, ки обрӯву шахсияти як инсони дигар зарар дида, нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир карда мешавад.
Худованди бузург дар дар сураи Нур мефармояд:
«Чун онро шунидед, чаро (чунин) нашуд, ки мардону занони мӯъмин дар ҳаққи хеш некиро гумон мекарданду мегуфтанд: “Ин тӯҳмати ошкор аст» (24.Сураи Нур, ояти 12).
Дар ояти 12-и сураи Ҳуҷурот, ки дар боло зикр гардид, Худованд барои амният ва ҳифзи обрӯи мардум бадгумонӣ, таҷассус ва ғайбатро ҳаром гардонидааст. Дини ислом ба ҳазорон масъалаи ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ дошта, поймол кардани онҳоро маҳкум менамояд. Масалан ғайбатро зарбае ба ҳуқуқи башар медонад, яъне, агар касе инсонеро ғайбат кунад, дар ҳақиқат ҳуқуқи ӯро поймол кардааст. Дар ояти мазкур ғайбат кардан ба хӯрдани гӯшти мӯрдаи бародари худ ташбеҳ шудааст ва ҳеҷ гуноҳе мисли ғайбат ба даррандагии бераҳмона ташбеҳ нашудааст. Оре, ҳатто ҳеҷ гурге гӯшти мурдаи гурги дигарро намехӯрад, вале инсон ин корро мекунад, яъне, инсони дигарро ғайбат мекунад.
Қобили зикр аст, парҳез аз бадгумонӣ барои он аст, ки инсонҳо бояд бо якдигар боварӣ ва эътимод дошта, нисбат ба якдигар бадгумон набошанд. Ин боварию эътимод ба ҳамдигар дар ҳақиқат амният ва солимии ахлоқиро дар ҷомеа таъмин намуда, обрӯву эътибори инсонҳоро ҳимоя мекунад.
Нуктаи дигаре, ки дар ин ҷо бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошем, ин аст, ки гуноҳ агарчи дар зоҳир ширин аст, вале дар ботин зишту нафратовар аст. Аммо тааҷҷубовар ин аст, ки инсонҳо зиштии ғайбатро медонанд, вале боз ҳам ё касеро ғайбат мекунанд ё ба ғайбати дигарон гӯш медиҳанд. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор аз самими дил бовар надоранд, зеро агар мо ба зиштию зарари коре яқин дошта бошем, ҳаргиз онро анҷом намедиҳем. Масалан, агар мо яқин дошта бошем, ки дар зарфи об заҳр андохта шудааст, ҳаргиз онро наменӯшем.
Мо бояд ба лутфи илоҳӣ ва рафтори мардум хушгумон бошем ва ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки хушгумонӣ ба маънои содагӣ, зудбоварӣ ва ғофил будан аз ҳилаву найрангҳои душманон нест. Уммати исломӣ ҳаргиз набояд ба хотири хушбовариҳои ноҷо дучори ғафлат шуда, гирифтори доми сайёдон шавад.
Дар моддаҳои 135-136-и боби 17 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият ҷазо пешниҳод гардидааст, ки ин як навъ таваҷҷуҳи ғамхорона аз ҷониби давлат барои нигоҳ доштани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, аз ғайбат нисбат ба ҳамдигар худдорӣ намуда, ҳамеша дар кӯмаку ёрии мардум бошем.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر