الصفحة الرئيسية المقالات Бароварда сохтани орзуи ятимон-натиҷаи сиёсати ғамхоронаи Пешвои

Бароварда сохтани орзуи ятимон-натиҷаи сиёсати ғамхоронаи Пешвои

Бароварда сохтани орзуи ятимон-натиҷаи сиёсати ғамхоронаи Пешвои
2018-04-06
3215

Адолат тарозуи Худованд дар рӯи замин аст, он тарозуе, ки ба воситаи он ҳақ ба ҳақдор расонида мешавад ва ҳар куҷое, ки адолат бошад, ба ягон шахсе зулм карда намешавад ва низоми дунё ҳам ба воситаи адлу некӣ ба пеш меравад.

Ба ҳамин хотир Худованди бузург ба адлу некӣ амр намудааст, чунонеки дар Қуръони карим омадааст: «Ба таҳқиқ Худованд ба адл ва некӣ амр мекунад!» Мусулмонон яқин доранд, ки Худованди меҳрубон ба чизе амр мекунад, ки ӯ ба нафъ ва фоидаи  тамоми мардуми дунё аст ва ҳамчунон аз чизе манъ мекунад, ки он ба нуқсон ва зарари инсоният мебошад ва адолат ҳам чизест, ки ба нафъи ҷомеа буда, хусусан агар шоҳ одил бошад, мулк дар ободиву пешрафт қарор мегирад.

Дар ин маврид Паёмбари Худо (с) низ барҳақ фармудааст: «Шоҳи одил сояи Худованд дар рӯи замин аст». Ягона шахсе, ки дар дунё низоми адолатро ҷорӣ карда метавонад, ин шоҳи одил мебошад, аз ин рӯ, шоҳи одил назди Худованд, Паёмбараш ва тамоми мардум аз ҷумлаи беҳтарин шахсият ба шумор меравад. Ва ҳама ба эшон муҳаббат доранд зеро Худованд худ одил аст ва одилонро дӯст медорад.

Метавон дар ин зимн хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард. Ахиран дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд мо шоиҳиди адолат ва ғамхории навбатии Роҳбари давлат гардидем. Вақте Пешвои миллати мо орзуи як ятими куллро бароварда намуданд, он ятимдухтар дигар ашки чашмонашро боздошта наметавонист...

Дар ҳақиқат маҳз адолати Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо ба ҳазорон ятиму фақирон ва бевазанон кӯмак карда мешавад, ҳазорон ҷавонон хонадор карда мешаванд ва ба чандин бехонаҳо манзили зист дода мешавад. Ин аст ислому мусулмонӣ, ин аст адолати Пешвои миллати мо.

Насриддинов Аслиддин,

 Имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи «Умари Форуқ»-и ноҳияи Фирдавсӣ  

وقت الصلاة في طاجيكستان

14.06.2026

أكثر
الفجر03:23
الظهر12:40
العصر17:54
المغرب20:00
العشاء21:30
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

أكثر