الصفحة الرئيسية المقالات Об - асли мавҷудият

Об - асли мавҷудият

Об - асли мавҷудият
2018-04-09
2895

Худои таъоло тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи заминро, ки асли онҳо об будааст, бе ҳикмат наофарид. Обро неъмати бебаҳо ва ганҷи ройгон меноманд. Аз ин рӯ, обро манбаи ҳаёт мегӯем, зеро ҳар ҷое ки об ҳаст, он ҷо ободиву осудагӣ бардавом аст. Аз тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи олам ҳеҷ халқкардаи Худо мисли инсон ба об муҳтоҷтар нест. Ҳазрати инсон аз дақиқаҳои нахустини зиндагӣ то дами вопасини марг аз об наҷот мехоҳад. Ҳамин тавр, об неъматест, ки олудагиҳои тани моро пок месозад, руҳу ҷони моро навозиш мекунад ва ниҳоят чун мувозинат гум мекунем, моро ба худ меорад. Чун марг инсонро гулӯгир мешавад, дар нафаси охир боз мехоҳад, ки ба ӯ як каф об диҳанд.  

Тамоми мардуми шодоби олам ташна мемиранд,

Барои ҳар кафи оби равон шукрона бояд кард.

Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам аст. Захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва баракоту зебоӣ аз об вобаста аст.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, арзишманд донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил ва асил аст, зеро он натанҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки махзани нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олам аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда буданд, ки «Рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».

Бо гузашти 10 сол тадқиқоти зиёде гузаронида шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд ва ин боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад. 

Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттаҳид давоми солҳои 2000-2016 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард, ки аз миёни онҳо эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар самти об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мавриди назари хос мебошанд. Дар ин давра Тоҷикистон чандин маротиба ба маркази сиёсие мубаддал гашт, ки дар он масъалаҳои муҳими об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ягона роҳбаре мебошанд, ки пешниҳодҳояшон бемамониат мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, зеро чунин таклифу пешниҳодҳо танҳо ҳадафҳои башардӯстона доранд. Қабул гаштани пешниҳодҳо дар СММ кори саҳл нест, зеро ҳамарӯза аз ҷониби сарони давлатҳо даҳҳо пешниҳодҳои гуногун ироа мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо қобили қабуланд. Пешниҳодҳо бояд мушаххас буда, масъалаҳои глобалии ҷаҳониро ифода кунанд. Он ҳам баъд аз баррасӣ ва муҳокима дар сатҳи роҳбарияти СММ тасдиқ мешавад. Бинобар ин, бояд тасаввур кард, ки қабул гаштани танҳо як ташаббус чӣ қадар мушкил ва чӣ қадар аҳамияти бузург дорад.

Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оѓози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар СММ «гурӯҳи «Дӯстони об», ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз 51 кишвари аъзоро мутаҳид кардааст, ки зимни муҳокимаи масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ саҳми назаррас мегузорад».

Сарвари давлат дар робита ба таѓйирёбии иқлим масъалаи норасоии оби ошомиданиро таҳлил намуда, чунин баён доштанд: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитария дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад. 

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣқарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Ба андешаи Пешвои миллат як қатор масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар қадамҳои минбаъда дар ин самт онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини соҳаи об бо маблағгузории муносиб, азнавкунӣ ва ташкил намудани инфрасохторҳои нав, бунёди обанборҳои азиму миёна ва неругоҳҳои барқи обӣ, идоракунии муштараки захираҳои обӣ, ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, инчунин рушди дипломатияи об барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об.

Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ итминони комил изҳор намуда, фармуданд: «Мо боварӣ дорем, ки ҷомеаи байналхалқӣ аз Даҳсолаи нав, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода мебаранд».

Дар маҷмуъ мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии таѓйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаи иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин мақола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи таѓйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намуданд.

Савол ба миён меояд, ки чунин иқдом ва ташаббусҳо бевосита ба худи Тоҷикистон чӣ дод? Аввалан, қариб тамоми минтақаҳои аҳолинишин дар ВМКБ, вилоятҳои Суѓду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шуданд. Сониян, қубурҳои обгузар ва заҳбурҳо тоза карда шуда, заминҳои бекорхобидаи лалмӣ обёрӣ гардиданд. Муҳимтар аз ҳама робитаҳои дӯстона таҳким меёбанд, зеро бо бунёди нерӯгоҳи Роѓун мардуми поёноб – Ӯзбекистону Туркманистон бо об ва Афѓонистону Покистон бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой мебошад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстона ва роҳандозӣ намудани иқдомҳои башардӯстона, таъмини давлатҳои дуру наздик бо оби ошомидании гуворо, ки назираш дар олам кам аст, Пешвои миллат чандин маротиба таклиф карда буданд, ки кишварҳои эҳтиёҷманд метавонанд оби кӯли Сарезро тавассути насби қубурҳо дар давлатҳои худ истифода баранд.

Бешак, Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва дарстрасии оммаи мардум ба захираҳои обӣ, дар ҷаҳон мавқеи аввалиндараҷа дошта, бо пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат миллионҳо одамони ташна ба об дастрасӣ пайдо карда, заминҳои хушкида сероб ва ҳосилхез гашта истодаанд.

Ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат тибқи ҳадиси Расули акрам (с) аст, ки фармудаанд: «Беҳтарин садақа об додан аст».

Ва Худо барои чунин шахсиятҳои бузург ваъда додаст, ки: «Инналлоҳа ло юзиъу аҷрал муҳсинин» - «Албатта Худованд аҷру савоби некӯкоронро зоеъ намегардонад», зеро об пок ва поккунанда буда, дар Қуръони карим 64 маротиба зикр шудааст.

«Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки аз осмон обе фуруд овард; пас бо он ҳар гуна рустаниро берун овардем ва аз он сабзаро берун овардем …» (Сураи Анъом, ояти 99).

 «Ҷуз ин нест, ки масали зиндагонии дунё монанди обе аст, ки онро аз осмон фуруд овардем …» (Сураи Юнус, ояти 24).

 «Аз осмон обро фурӯ фиристод, пас рӯдҳо ба андозаи хеш равон шуданд» (Сураи Раъд, ояти 17).

Баъд аз овардани далелҳои қуръонӣ дар бораи манзалати бузурги об изҳор менамоям, ки мо мардуми Тоҷикистон итминони комил дорем, ки даҳсолаи мазкур барои муколамаи сиёсӣ, табодули маълумот ва таҷриба заминаи муҳим буда, ҷиҳати мусодат намудан ба иҷрои он ҳадафҳо ва вазифаҳои сатҳи байналхалқӣ, ки ба захираҳои об алоқаманданд, воситаи хуб мебошад.

Мо ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои башардӯстонаи худ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи соҳбтамаддун муаррифӣ намуда, баъд аз гузашти ҳазор сол давлати мустақил ва сарсабзу хуррам бунёд намуданд. Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва бошад, ки садсолаҳои дигар аз баракати Пешвои миллатамон баҳравар гардем!

Абдураҳмон Мавлонов

сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.05.2025

أكثر
الفجر03:32
الظهر12:40
العصر17:46
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر