Таснифи терроризм ва навъҳои он дар адабиёти муосири илмӣ

Дар шароити муосири торафт густариш ёфтан ва характери глобалӣ касб намудани терроризм барои дуруст ва саривақт ошкор кардану пешгирӣ кардани ин вабои аср дар баробари муайян кардани омилҳои терроризм, инчунин, донистани шаклҳо ва навъҳои гуногуни зуҳури ин падидаи хатарнок низ зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо лозим донистем, ки дар такя бо маводи адабиёти навини илмӣ ва фикру андешаҳои муҳаққиқону коршинсони ватаниву хоричӣ дар бораи навъҳои гуногуни терроризм, моҳият ва шакли тазоҳури ҳар кадоми онҳо ба хонандагон ба таври фишурда маълумот дихем. Чунки, шиносои бо навъҳои мухталифи терроризм барои муташаккилона ба роҳ мондани мубориза ба муқобили терроризм, мушаххас гардонидани тавсифи ҳуқуқии ин намуди ҷиноят ва қабул намудани мафҳумҳои ягонаи меъёрӣ ҳуқуқи рочеъ ба ин мушкилоти аср шарт ва зарур мебошад.
Дар олами муосир терроризм ва ҳамаи шаклҳои зуҳури он ба яке аз масоили муҳим ва тадқиқотии доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Ин раванд ҷомеаи башариро нигарон намудааст ва баҳри пешгирии он бояд тамоми олимони соҳа омилҳову сабабҳои он муайян гардида, дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм яке аз масъалаҳои асосии илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад, зеро одамон ба масъалаҳои терроризм ва мубориза бар зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизм алоқаманд гашта мавқеи худро муйаян менамоянд. Айни замон дар ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ масъулияти гаронеро бар ӯҳда доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм”; сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд; таҳлили комили шаклпазирии терроризм; дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза зидди он; ташхиси нерӯҳои асосии зидди терроризм; хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ дар мубориза ба муқобили терроризм ва дигар намудҳои амалҳои зиддиинсонӣ фаъолона ширкат намуда дар ин самт бо дигар кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ чандин маротиба суханронӣ намуда таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва халқи он дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуротҳои тундгарову ифротгароӣ ва шаклҳои дигари зоҳиршавии он буданд, ва дар ин замина ҷомеаи ҷаҳониро чандин маротиба ба ҳамкорию муборизаи мутташакилона ба муқобили терроризм даъват намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидодии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”
Афзоиш ёфтани хатару таҳдиди терроризм ба сулҳу амнияти ҷаҳон моро водор намуд, ки оиди мафҳуми терроризм ва роҳҳои самарабахши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб изҳори ақида намоем. Дар адабиётҳои гуногун дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ҳар мутафаккир вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ онро таҳлил намудаанд. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд маънои луғавии катимаи “терроризм” мавриди омӯзиш қарор гирад. Калимаи “террор” (terror) аз забони лотинӣ гирифта шуда маънояш тарс, даҳшат мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ (ҳатто бо куштор алоқаманд набуда) хусусияти зӯроварӣ, маҷбурсозӣ ва таҳдидсозиро доранд. Ҳар як террорист бо роҳи тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро мақсади асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зиддиинсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.
Умуман, чи тавре ки аз мутолиаи адабиёти илми рочеъ ба мафхуми терроризм натича гирифтан мумкин аст, таснифоти терроризм душвор буда ин мафҳум маъноҳои гуногунро дар худ таҷассум менамояд. Зери мафҳуми терроризм баъзан ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ, куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиётҳои ҷангӣ, рабурдани самолётҳо, яъне истифодабарии қувва, фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат, моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар замони муосир шаклҳои гуногуни терроризм вуҷуд дорад, ки вобаста аз субъектҳои фаъолияти террористӣ ва самтҳои расидан ба мақсадҳои муайян гурӯҳбандӣ мешаванд. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки аксарияти ҷараёнҳои эктремистӣ харчанд шаклу моҳияти динӣ дошта бошанд хам, вале дар асл ҳадафҳои муайяни сиёсӣ, иктисодӣ ва фархангиро низ пайгири мекунанд. Бинобар ҳамин, зимни таснифи терроризм ба назар гирифтани ҳадафҳои сиёсӣ, иктисодӣ ва фархангие, ки ҷараёнҳои эктремистӣ ба максади ноил гардидан ба онхо аз ин усули ғайриинсонӣ истифода мебаранд, низ муҳим мебошад. Аз чунин нуқтаи назар, падидаи терроризмро ба навъҳои зерин тасниф кардан мумкин аст:
Терроризми дохилидавлатӣ - фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ ва террористони алоҳида, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебароранд.
Терроризми сиёсӣ - ин истифодабарии террор бо мақсадҳои сиёсӣ. Барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ одамони зиёд объекти амали террористӣ қарор дода мешаванд, ва террористон амали хешро бо бераҳмию хунрезии зиёд ба иҷро расонида кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимият, қувваҳои сиёсӣ ва аҳолӣ ҳарчи зудтар талабҳои онҳоро иҷро намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб террористони сиёсӣ бемористонҳо, таввалудхонаҳо, кудакистону мактабҳо ва биноҳои истиқоматиро объекти амалҳои бадкирдоронаи худ интихоб мекунанд. Терроизми сиёсӣ аз ибтидо қурбоншавии одамони зиёдро тарҳрезӣ мекунад. Новобаста аз сабаб ва мақсад терроризм ҳамчун ҷиноят бандубаст шудааст.
Терроризми байналмилалӣ - фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави давлатҳои гуногун ба амал мебароранд. Ду даҳсолаи охир ҳамин намуди терроризм доманадор гашта таҳдиди умумибашарӣ пайдо кардааст. Терроризми байналмилалӣ сохтори давлатию сиёсиро ноором сохта зарари зиёди моддиву маънавӣ мерасонад, боиси нобудшавии ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ гашта дар муносибатҳои байналмилалӣ душворию хатар эҷод менамояд.
Ба ин намуди терроризм пеш аз ҳама ба ном Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва “Ал Қоида” ва як қатор ҷараёнхои дигари эктремистии хусусияти динӣ доштаро дохил намудан зарур аст. 11 сентябри соли 2001 дар ИМА аз ҷониби “Ал Қоида” амалҳои террористӣ роҳандозӣ шуданд, ки боиси талафоти зиёди ҷонию моддӣ гардиданд. Дар чор соли охир амалҳои террористии ба ном Давлати Исломии Ироқу Шом оромию суботи оламро зери таҳдид қарор дода вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро бахусус дар Шарқи Наздик мураккаб намудааст. Амалҳои террористӣ 13 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Фаронса амали карда шуданд, ки боиси марги беш аз 130 одам ва ҷароҳат бардоштани 352 нафар гардида далели равшани таҳдиду даҳшатафкании ДИИШ ба кишварҳои дигар мабошад. Саракардагон ва идеологҳои “Салафия” ва ҷараёнҳои дигари экстремистӣ бошанд, тавассути истифодабари аз интернет ва васоити дигари коммуникатсионӣ фикру ақида ва идеяҳои ифротии худро дар байни мардум, алалхусусус дар байни ҷавонон густариш дода, кӯшиш мекунанд онхоро ба доми найранги худ афтонанд ва онҳоро ҳамчун восита барои амали кардани ғаразҳои нопоки худ истифода баранд.
Терроризми миллӣ (миллатчиён) - фаъолияти ташкилотҳои (гурӯҳҳои) махсус ташкилшудаи террористӣ, ки барои миллати хеш ташкил намудани давлати алоҳидаю мустақилро мақсаду ҳадафи асосӣ медонанд. Онҳо амалҳои хешро “озодии миллӣ” меҳисобанд. Шумораи зиёди террористони миллатгаро худро муборизони озодии халқи хеш медонанд. Одатан ин намуди терроризм дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорон пайдо мекунад.
Артиши Озодихоҳи Ирландия ва Ташкилоти Озодибахши Фаластин мисоли ин ташкилотҳои террористӣ мебошанд. Ба ин намуди терроризм ҳамчунин фаъолияти ташкилоти Озодӣ ва Ватани Баскҳоро шомил намудан мумкин аст. Ин ташкилотҳо аз шаклу усулҳои террор исифода бурда кушиш менамоянд, ки давлатҳои мустақили худро ташкил диҳанд. Ҳизби Меҳнаткашони Курдистон низ аз усулҳои террор истифода бурда мақсад дорад давлати мустақили хешро таъсис диҳад.
Терроризми динӣ - фаъолияти ташкилотҳои (гурӯҳҳои) махсус ташкилшудаи террористӣ, ки қувваю зуровариро дар роҳи расидан ба мақсадҳое, ки ба ақидаи онҳо Худо муайян намудааст, истифода мебаранд. Ба ин васила онҳо мақсад мегузоранд, ки тағиротҳои куллиро дар миқёси умумибашарӣ амалӣ намоянд.
Терроризми динӣ ба дину мазҳабҳои гуногун алоқаманд буда нисбати дигар шаклҳои терроризм бештар доман паҳн менамояд. Масалан, дар миёнаи солҳои 90 уми асри гузашта аз 56 ташкилоти террористии динии ба қайд гирифта шуд ва нисфи ин ташкилотҳо аз мақсадҳои динии хеш изҳори ақида кардаанд.
Ба ин категорияи терроризм, “Ҳамос”, “Ҳизбуллоҳ” ва ташкилотҳои радикалии яҳудиҳо дохил мешаванд.
Терроризми анархистҳо – ин намуди терроризм зуҳуроти умумибашарии солҳои 1870- 1920 буд. Бар асари амалҳои анархистҳо садҳо сиёсатмадорону ходимони давлати мавриди суиқасд қарор гирифта ҳалок гардиданд. Яке аз ин сиёсатмадорон Президенти 25-уми ИМА Уильям Мак-Кинли буд, ки соли 1901 аз ҷониби террорист-анархист Леон Чолгош ба ҳалокат расид.
Дар замони муосир хатару таҳдиди шаклҳои нави терроризм аз қабили терроризм бо истифодаи аслиҳаи ҳаставӣ, терроризм бо истифода аз моддаҳои заҳролудкунанда ва терроризми иттилоотӣ беш аз беш зиёд мегардад.
Бояд қайд намуд, ки терроризми муосир натанҳо ба ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, ташкилотҳо ва давлатҳо таҳдид дорад балки он ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. Террористон солҳои охир кушиш ба харҷ медиҳанд, воситаву аслиҳаҳои қатли ом (яроқи ҳаставӣ, моддаҳои радиоактивӣ, аслиҳаи бактерологӣ)-ро ба даст оварда мавриди истифода қарор диҳанд. Террористон озмоишгоҳи махфӣ ташкил намуда кушиш ба харҷ медиҳанд, ки истеҳсоли ботулинусро ба роҳ монанд. 200 грамми ботулинус басанда аст, ки тамоми мавҷудоти зинда дар сайёраи Замин нобуд карда шавад.
Хамин тариқ, чи тавре ки аз таснифоти боло хулоса баровардан мумкин аст, дар шароити муосир терроризм хатари умумибашарӣ дошта ба институтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фархангиву сиёсии давлат ҳамзамон ба ҳуқуқу озодиҳои фундаменталии инсон таҳдид менамояд.
Аз ҳамин нигоҳ решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли чомеа чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Самадов Ҳ.Ҳ. Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر