99 хислате, ки мард дӯст дорад онро дар ҳамсари худ бубинад

2015-05-28
4690
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
99 хислате, ки мард дӯст дорад онро дар ҳамсари худ бубинад
Инҳо сифатҳо ва хислатҳое ҳастанд, ки ҳар мард мехоҳад, балки дӯст медорад, онро дар ҳамсараш бубинад:
- Дар ҳама ҳол, чи дар пинҳон ва чи дар ошкор аз Аллоҳ ва Расулаш итоат кунад ва дурусткор бошад.
- Дар ҳолати набудани шавҳар худаш ва амволашро нигаҳдорӣ кунад.
- Ҳар гоҳе ки мард ба ӯ нигоҳ кунад, хушҳол гардад ва он танҳо ба зебоиҳои ҷисмонию рӯҳӣ ва ақлӣ муяссар мешавад, ҳарчи зан дар шакли зоҳирӣ неку ва зеботар бошад, барои шавҳар зеботар мешавад ва бештар бо ӯ унс мегирад.
- Аз хона бо иҷозати шавҳар хориҷ шавад.
- Мард дӯст дорад ҳамсарашро хандонрӯ бинад.
- Зан шукргузори шавҳари худ бошад, ҳамчунин шукргузори Аллоҳ бошад, зеро ба ӯ неъмати шавҳар арзонӣ додааст, ки ӯро дар покдоман будан кӯмак намуда ва ба сабаби ӯ фарзандоне насибаш шуда, лаззати модар буданро чашидааст.
- Ҳангоме ки зан аз шавҳари худ чизе мехоҳад, аммо метарсад, ки хостааш рад шавад, бояд дар вақти муносиб ва бо ахлоқи хубу суханони дилнишин хостаи худро баён кунад.
- Хушмуомила ва хушахлоқ бошад.
- Бидуни ҳиҷоби комил аз манзил берун наравад, ҳарчанд ки шавҳари ӯ чандон ба умури динӣ пойбанд набошад, чунки аксари мардон дар баробари зани худ ғайрат доранд ва намехоҳанд зани онҳо дар назди чашмҳои мардони бегона бидуни ҳиҷоб зоҳир шавад.
- Замоне ки байни онҳо бигӯ-магӯ пеш омад, садои худро дар баробари шавҳараш боло набарад.
- Агар шавҳар тангдаст аст, сабр кунад ва агар шавҳар молдор аст, шукргузор бошад.
- Шавҳарро барои зиёрати падару модар ва дӯстонаш ташвиқ намояд.
- Хубиҳоро дӯст бидорад ва дар хубӣ расонидан кӯшо бошад.
- Худро ба ростгӯӣ зинат диҳад ва аз дурӯғ парҳез намояд.
- Фарзандони худро дар рӯҳияи муҳаббати Аллоҳ ва Пайғамбараш тарбият намояд, ҳамчунин онҳоро ба эҳтиром ва фармонбарӣ аз падарашон ташвиқу тарбият намояд ва дар масоиле, ки шавҳар дӯст надорад, онҳоро ҳамроҳӣ накунад.
- Аз хашмгин шудан ва аксуламал нишон додан дурӣ кунад.
- Дар муқобили шавҳараш дигаронро масхара накунад.
- Шахсияти мутавозеъ (хоксор) буда аз кибру ғурур дур бошад.
- Ҳангоми баромадан аз манзил чашми худро аз нигоҳ кардани номаҳрам ҳифз кунад.
- Ба дунё дил набандад ва хоҳони охират буда, дидори Аллоҳро бихоҳад.
- Дар ҳар ҳол, пинҳон ва ошкор бар Аллоҳ таваккул намояд ва онро кам нашуморад ва маъюс нашавад.
- Бар ибодатҳое, ки Аллоҳ бар ӯ фарз намудааст, пойбанд бошад.
- Ба ин ки ҳамсараш сарвар ва фармонравои ӯст, муътариф бошад. «Ва шавҳари занро наздики дарвоза ёфтанд». (Сураи «Юсуф»; 25)
- Бидонад, ки ҳаққи шавҳараш аз ҳаққи ӯ зиёдтар аст.
- Дар эътироф намудан ба хато ва иштибоҳи худ дудила набошад, балки ба зудӣ эътироф намояд ва сабаби иштибоҳашро бигӯяд.
- Ёди Аллоҳро фаромӯш накунад ва забони худро ба зикри Аллоҳ одат диҳад.
- Дар ҳамбистар шудан бо шавҳараш бо ҳар кайфияте, ки хост, саркашӣ накунад, магар аз пушт, ки ҳаром аст.
- Хостаҳояш мутобиқ бо вазъи ҳамсараш бошад ва ба андак розӣ бошад.
- Ба ҷавонию зебоӣ ва илму ҳунари худ мағрур набошад, зеро ҳамаи инҳо аз байн меравад.
- Дар назофати бадан, либос, шакли зоҳирӣ ва зебоии худ саъй дошта бошад.
- Мутеъи дастуроти шавҳар бошад, то замоне ки мухолифи фармонҳои Аллоҳ ва Расулаш набошад.
- Агар чизе ба шавҳараш ҳадия дод, миннат нагузорад.
- Бидуни иҷозати шавҳар рӯзаи суннат нагирад.
- Дар набудани шавҳар ба ҳеҷ ваҷҳ ба номаҳрам иҷозати дохил шудан ба хонааш надиҳад, магар бо иҷозати ӯ, зеро боиси шакку шубҳа мешавад.
- Зани дигареро дар баробари шавҳари худ тавсиф накунад, чунки хатари бузурге барои назми хонавода аст.
- Мутазаййин ва ороста ба шарму ҳаё бошад.
- Даъват ба ҳамбистар шуданро рад нанамояд.
- Аз шавҳари худ тақозои талоқ накунад, ин кор бар ӯ ҳаром аст.
- Хостаҳои шавҳарашро бар хостаҳои дигарон муқаддам бидонад, ҳатто бар хостаҳои падару модар.
- Либосе дар хона ғайр аз хонаи шавҳар надошта бошад.
- Аз монанд кардани худ ба мардон бояд парҳез кунад.
- Шавҳари худро ба хондани дуои ҳамбистар шудан ёдоварӣ намояд.
- Асрори ҳамхобиро барои дӯстонаш бозгӯ ва тавсиф накунад.
- Шавҳарашро озору азият надиҳад.
- Мард дӯст дорад, ки бо ӯ шухию бозӣ кунӣ, чунонки Пайғамбар (с) ба Ҷобир (р) мефармояд: «Бо духтаре издивоҷ намо, ки бо ӯ бозӣ кунӣ ва ӯ бо ту бозӣ кунад!».
- Баъд аз ҳамхобӣ бо ҳам ғусл намоед, чунки боиси зиёд шудани аҳду паймони муҳаббат дар миёни шумо мешавад. Оиша (р) мефармояд: «Ман бо Пайғамбар (с) аз як зарф ғусл менамудем ва баъзе вақтҳо барои бардоштани об дастамон ба ҳамдигар бархӯрд мекард».
- Бидуни иҷозати шавҳар аз моли ӯ чизе набахшад.
- Агар ахлоқи баде дар шавҳараш мебинад, сабр намояд, чунки дар ӯ ахлоқи хуб ва зебои дигаре вуҷуд дорад, ки агар талоқ бигирад, дар шахси дигаре ин ахлоқро нахоҳад дид.
- Аврати худро бипӯшонад, магар барои шавҳари худ.
- Бидонад, ки шавҳар чӣ навъ хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳоро бештар дӯст медорад.
- Диндор бошад ва ҳуқуқи шавҳар, фарзандон ва амволи ӯро риоят кунад, дар тоати Аллоҳ ёри ӯ бошад, агар фаромӯш кард, ёдовар шавад ва агар саҳлангорӣ намуд, ӯро ташвиқ намояд ва агар хашмгин шуд, ӯро ором намояд.
- Мард бояд эҳсос кунад, ки хеле барои ҳамсараш муҳим аст ва ҳамсараш ба ӯ эҳтиёҷ дорад, ҳамон тавр ки ба об ва ғизо эҳтиёҷ дорад. Вақте мард чунин эҳсосе намояд, худро ба ӯ наздиктар менамояд. Аммо чун эҳсос кунад, ки занаш ӯро нодон мешуморад ва аз ӯ чи аз назари моддӣ ва чи аз назари фикрӣ бениёз аст, ӯ ҳам аз занаш хаста ва дилтанг мешавад.
- Аз зикр кардани хатоҳои шавҳар худдорӣ намояд, балки хотироти хуб ва зебое, ки бо ҳам доштанд, ёдовар шавад.
- Ба хонаводаи шавҳари худ эҳтиром бигузорад ва изҳори муҳаббат намояд, дар ҳозир ва ғоиб будани шавҳар аз хонаводаи ӯ даъват ва пазироӣ намояд, то шавҳар эҳсос кунад, ки зан аз ошноӣ бо хонаводаи ӯ хурсанд мебошад, чунки бадӣ бо хонаводаи шавҳар мушкилоти гуногуне ба вуҷуд меоварад.
- Он чи шавҳар аз либосу ғизо ва рафтору муомила меписандад, ҳамон тавр амал кунад ва барои ба даст овардани хостаҳои шавҳар кӯшо бошад, чунки сабаби зиёдашавии алоқа ва муҳаббат дар байни онҳо мешавад.
- Ҳангоме ки шавҳар аз манзил хориҷ мешавад, зан бояд ба ӯ суханони хуб бигӯяд, чунки ин нишонаи муҳаббати ӯ ба шавҳараш мебошад.
- Ҳангоми бозгашт ҳамчунин бо суханони муҳаббатомез ва лабханд ба истиқболи ӯ биравад, то хастагии кор аз тани ӯ берун шавад.
- Ба шавҳари худ изҳори муҳаббат намояд, чи бо ахлоқи хуб ва ё гуфтори хуб ва ё ҳар равише, ки муносиб бидонад.
- Шавҳари худро аз наздиктарин дӯсташ, ҳатто аз падару модари худ бартар бидонад.
- Замоне ки шавҳараш сухан мегӯяд, хомӯш бошад ва ба ӯ фурсати сӯҳбат кардан бидиҳад, дар ин сурат мард эҳсос мекунад, ки ҳамсараш ба ӯ эҳтиром мегузорад.
- Аз такрори иштибоҳ бипарҳезад, зеро такрори иштибоҳ сабаби кам шудани эҳтироми ҳамсар дар назди шавҳар мешавад.
- Марди бегонаеро дар муқобили шавҳари худ таъриф накунад, магар аз сифатҳои динии он шахс, чунки бо ин кор ғайрати мардро бармеангезонад ва боиси эҷоди мушкилоте мешавад, ки имкон дорад назари мард аз зан бигардад.
- Асрори шавҳарашро ҳифз кунад, зеро ин барои ӯ амонатест.
- Замоне ки дар канори шавҳараш ҳаст, худро бо маҷалла хондан ё гӯш додан ба радио ё тамошои телевизион ва ё ба чизҳои дигар машғул насозад, то шавҳар эҳсос кунад, ки бо тамоми ҳастӣ бо ӯ ҳастӣ.
- Камсухан бошад ва зиёдагӯ набошад, ҳамон тавр ки аз қадим гуфтаанд: «Агар сухан нуқра бошад, сукут тилло аст».
- Вақти худро дар корҳое, ки ба нафъи дину дунё бошад, сарф намояд, ба тавре ки вақти фароғаташро ба корҳои судманд пур намояд ва аз суханҳои зиёду беҳуда ва ғайбатнамоӣ дурӣ ҷӯяд.
- Ба чизе, ки надорад, фахр наварзад.
- Пойбанд ба қироати Қуръон ва хондани китобҳои муфид ва зикрҳои рӯзмарра бошад.
- Аз пӯшидани либосҳои зинатдор ва истеъмоли атру хушбӯӣ дар вақти баромадан аз манзил худдорӣ кунад.
- Ба иҷрои дастуроти Аллоҳ ва Расулаш даъват намояд, аввал шавҳари худ, сипас хонавода ва атрофиён, аз ҳамсоягон гирифта то дӯстонаш.
- Аз рӯйи эҳтиром андешаҳои шавҳари худро қадр кунад ва онро боарзиш шуморад.
- Ба симо ва қиёфаи зоҳирии шавҳари худ аҳаммият диҳад, чунки дӯстони ӯ бо либос ва сару шаклаш таваҷҷуҳ намуда зебоӣ ва покизагии ӯро нишонаи салиқа ва тозагии ҳамсараш медонанд ва ҳамчунин баръакс.
- Ҳама ҳуқуқи шавҳари худ, аз ҷумла сарварӣ ва роҳбариро, ки Аллоҳ таоло бар ӯ воҷиб кардааст, бидуни кӯтоҳӣ ва бо камоли ризояту хотири болида қабул дошта бошад.
- Аз бидъат дар дин ва сеҳру ҷоду парҳез кунад, чун табоҳкунандаи дунё ва охирати инсон аст ва инсонро аз доираи Ислом хориҷ месозад.
- Корҳои дохили хона таҳти назорати зан бошад, мисли омода кардани ғизо ва пазироӣ аз шавҳар, чунки агар дар ин корҳо ба хидматгорон эътимод кунад, байни мард ва зан ҷудоӣ эҷод мегардад.
- Аз моделҳое, ки занро аз арзиши ӯ ва фарҳанги некӯи исломӣ хориҷ месозад, дурӣ намояд.
- Замоне ки ҳамсараш аз ӯ нороҳат шуд, дар аввали вақт ӯро розӣ намояд, то ки ин мушкил идома наёбад ва ба одат табдил нашавад ва кулли хонаводаро дар бар нагирад.
- Дар дараҷаи аввал бо шавҳари худ, ахлоқ ва бархӯрди хубе дошта бошад, баъд бо дигарон.
- Ин ки шавҳараш дар байни дӯстону ҳамкоронаш намуна бошад ва занони дигар аз хубӣ, зебоии ахлоқ ва калому одоби ӯ сухан намоянд.
- Ба ҳиҷоби исломӣ пойбанд бошад.
- Дар либосу зинат ва шакли зоҳирӣ худро ба такаллуф наяндозад.
- Ба дигарон иҷозати дахолат дар зиндагии худ надиҳад, агар мушкиле дар зиндагии онҳо пеш омад, бидуни дахолати дӯстон, хонавода ва наздикон мушкилро ҳал кунад.
- Замоне ки шавҳараш ба мусофират рафт, барои ӯ дуои хайру саломатӣ намояд ва аз зиндагияш ҳифозат намояд, агар тамоси телефонӣ дошта бошад, аз сахтиҳо ва мушкилот бо ӯ ҳарф назанад, ӯро бо калимоти зебо хушҳол кунад, то ӯ ба зудӣ ба бозгаштан ташвиқ шавад.
- Дар корҳои кӯчак ва бузург бо шавҳари худ машварат намояд, бо ин кор оромишу итминон дар байни онҳо меафзояд, хусусан агар зан соҳиби молу дороӣ аст, бо машварат эҳтиром ва итминони ӯ дар назди шавҳар афзуда мешавад.
- Ба эҳсоси шавҳари худ эҳтиром қоил бошад ва аз корҳо ва ё гуфторҳое, ки ба шавҳараш хуш намеояд, дурӣ кунад.
- Шавҳарашро дӯст бидорад ва ростии дӯстии худро ошкор намояд, чунки зиндагии заношӯӣ бидуни калимоти зебо ва ибороти дилнишин зиндагиест, ки таъми хушбахтии муштарак дар он ҷой надорад.
- Бо шавҳараш дар мавриди хушбахтии зиндагии муштарак фикр намояд ва барои ободонии хона кӯшо бошад.
- Худро ба зинатҳое, ки таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб мекунад ва зебоии будани ӯро нишон медиҳад, дар пеши мардони дигар ғайр аз шавҳари худ зинат надиҳад, ҳатто дар пеши падар ва бародари зан.
- Замоне ки шавҳар ба ӯ ҳадия дод, изҳори ташаккур кунад ва хушҳолии худро аз бобати он иброз дорад, агар чизи боарзиш ҳам набошад ё мавриди писандаш воқеъ нагардад, ба хотири ин ки он хушҳолӣ муҳаббати ӯро дар назди шавҳар бештар мекунад ва агар ҳадияро пас диҳад ё ӯро ба хотири ҳадия накӯҳиш намояд, боиси ҷудоӣ ва буғзу кина дар байни тарафайн мешавад.
- Дорои зебоии ҳиссӣ бошад, ки ҳамон ахлоқи нек аст ва дорои зебоии маънавӣ бошад, ки ҳамон диндории ӯст, зеро ҳарчи зан боахлоқтар ва диндортар бошад, маҳбубтар хоҳад буд ва оқибати некӯтаре хоҳад дошт.
- Саъй кунад, то эҳсосу табъи шавҳарашро бишиносад, ки дар чӣ мавқеъ хушҳол аст, дар чӣ мавқеъ нороҳат аст, чӣ вақте хашмгин аст, чӣ вақте ханда мекунад ва чӣ вақте гиря мекунад, чунки агар ин ҳолатҳои шавҳарашро бишиносад, ӯро аз бисёре аз мушкилот наҷот медиҳад.
- Ӯро дар мавқеъҳои лозим насиҳату иршод ва роҳнамоӣ кунад, то ин ки мард аз раъй ва роҳнамоии ӯ истифода кунад, чунонки дар бисёр мавридҳо Пайғамбар (с) аз раъйҳои ҳамсарони худ истифода менамуд.
- Бо шавҳараш самимӣ бошад, дар чизҳое, ки ҳамсараш дӯст медорад, таъхир накунад ва ё баръакс.
- Айби худро шинохта, дар бартараф кардани онҳо кӯшо бошад ва айбҳоеро, ки шавҳар ба ӯ мегӯяд, қабул намояд. Амирулмуъминин Умар (р) мегӯяд: «Аллоҳ раҳмат кунад касеро, ки айбамро ба ман бигӯяд». Салоҳ ва хайру хубии хонавода дар ҳамин аст.
- Бо шавҳари худ бо эҳтироми комил ва қадрдонии тамом бархӯрд намояд.
- Дар либосу гуфтор ва дар роҳу равиш ба таври куллӣ намуна бошад ва аз дигарон тақлид накунад.
- Дар тамоми корҳо бо воқеъият зиндагӣ кунад.
- Бо риояти дастурҳои исломӣ ҳамроҳ бо шавҳараш ба сайру гардиш биравад ва саъй кунад, ки хушҳолию сурурро барои хонаводааш ба армуғон биёварад.
- Калимоти зебо калиди ворид шудан ба қалб аст ва бо гуфтани калимоти отифӣ муҳаббати шавҳараш нисбат ба ӯ бештар мешавад, хусусан вақте шавҳараш бидонад, ки ин калимот содиқона ва аз қалби моломол аз муҳаббат бармеояд.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر