الصفحة الرئيسية المقالات Ислом-тарғибгари дастгирии ятимону муҳтоҷон

Ислом-тарғибгари дастгирии ятимону муҳтоҷон

Ислом-тарғибгари дастгирии ятимону муҳтоҷон
2018-05-02
3838

Фард ва ҷомеа ба якдигар таъсири мутақобила доранд. Аз афроди солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд ва ҷомеаи солим дар ташаккул ва такомули шахсияти инсон нақши асосӣ ва таъсири муҳиме мегузорад.

Барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарур аст. Ҳар як фарди солими ҷомеа моили аъмоли хайр буда, аз аъмоли шарр канораҷӯӣ ва онро маҳкум менамояд.  Фарди солими меҳандӯст ба сохти иҷтимоӣ, инкишофи ҷамъият ногузир таъсири худро мерасонад.

Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони солим ин саховату саховаткорист. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад.

Худованд бандагони хешро дар бисёр оятҳои қуръонӣ барои кори нек ва хайру саховат намудан ба ятимону бечорагон амр менамояд.

 «Аз ту суол мекунанд: «Чӣ харҷ кунанд?». Бигӯ: «Он чӣ аз мол сарф мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ, ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед, Доно аст»(Сураи «Бақара», ояти 215).

Дар ҳама давру замон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ табақаҳои камбизоат (ятимону муҳтоҷон, фақирону мӯҳтоҷон) вуҷуд доранд.Худованди карим ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирии чунин ашхос ҳидоят менамояд:

«…Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед…» (Сураи «Моида», ояти 2).

«Дар бисёре аз машварати пинҳонии онҳо хубие нест, лекин (хубӣ дар машварати)касест, ки ба садақа ё кори писандида ё салоҳкорӣ миёни мардум фармояд. Ва ҳар ки инро ба талаби хушнудии Худо кунад, ба зудӣ ба ӯ музди бузург бидиҳем» (Сураи «Нисо», ояти 114).

 Чуноне аз муҳтавои оёти мазкур бармеояд, Худованди мутаол инсонро барои кӯмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Ҳар шахси мусулмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расули Ӯ амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон кӯшиш намояд.

Мусулмонон ба ҳамдигар ёру бародаранд. Бояд дар ҳама ҳолат аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд ва кӯмаки худро барои якдигар дареғ надоранд. Анҷом додани аъмоли нек ва эҳсонкорӣ ба мӯҳтоҷон дар оятҳои карима низ омадааст. Масалан, дар ояти 195-и сураи «Бақара» Худованд мефармояд:

 «…ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад».

Агар мо ба таърих ва сирати Пайғамбари Худо (с) назар андозем, аён мегардад, ки Ӯ ҳамеша дӯстдори ятимону бечорагон буда,  ба онҳо доим лутфу меҳрубонӣ менамуданд ва ба мо низ фармудаанд:

 «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад, дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд».

Дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон ин амалест, ки тамоми динҳои самовӣ ва тамоми инсоният онро тарғибу ташвиқ менамоянд. Пӯшида нест, ки ҳама тоату ибодоти инсон барои дарёфти розигии Худованд буда, бо умеди касби аҷру савоб иҷро мешаванд. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ӯ аз уҳдаи иҷрои он набарояд. Ва ин нукта дар Қуръони азимушшаън зикр шудааст:

 «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ӯ аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст…» (Сураи «Бақара», ояти 286).

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо анҷом додани аъмоли хайр ва дастгирии ятимону мӯҳтоҷон маъруф ва машҳуранд. Савоби аъмоли хайр ва некӯкорие, ки инсон дар вақти зиндагиаш мекунад, сад баробари садақае аст, ки пас аз маргаш дар ҳаққи ӯ мекунанд. Дар ин боб аз Абӯсаиди Худрӣ (раз.) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Албатта агар инсон дар ҳаёти худ як дирҳам хайрот кунад, беҳтар аз садақаи сад дирҳам баъд аз марг аст” (“Сунан”-и Абӯдовуд, китоби “Васоё”, ҳадиси 2482. “Умдату-л-қорӣ”-шарҳи “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, ҷ. 8, саҳ. 280).

   Лозим ба ёдоварист, ки хайру саховат фақат дар додани таом  нест. Тибқи меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ хайру эҳсону саховат паҳлӯҳои гуногуне дорад. Масалан, дасти ёрӣ дароз кардан ба ашхоси камбизоат, ятимон, маъюубон ва занони бепарастор, бунёди дармонгоҳу мактаб, таҷҳизотонидани онҳо, мумфарш кардани роҳ, лӯлаи об гузарондан, купрук сохтан, андози заминҳои инсонҳои камбизоатро пардохтан, ба шахсе ки эхтиёҷ ба қарз дорад, қарзи бефоиз додан, ҷуй кандан, беморхонаю ятимхонаҳоро таъмир кардан, қарзи як шахси қарздорро адо кардан. Ҳамаи ин аъмоли саховатмандона садақа мебошанд. Ҳар касе яке аз ин корҳоро ба хотири хушнудии Худованд (а) анҷом диҳад ва савобашро ба рӯҳи ҳар ки хоҳад, бубахшад, яқинан савобаш ба ӯ мерасад. 

Ашхоси саховатманд ҳам дар ин дунё соҳиби обрӯю баракат мебошанд ва ҳам дар охират. Зеро, аз маҳсули аъмоли онҳо (дармонгоҳу мактабу купруки ба истифодадодашуда)  пас аз онҳо низ истифода мебаранду савобаш ба ӯ мерасад, зеро он садақаи ҷорӣ аст. Ятимеро, ки шахси саховатманде дар зиндагӣ дастгирӣ менамуд ва ятим ба воя расиду соҳибилм гашт, манфиъаташ ба аҳли ҷамъият мерасад, албатта савобаш ба шахси саховатпеша хоҳад расид.

Ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати ятимон ва талошҳои доимии ӯ баҳри беҳтар намудани шароити зисти онҳо, баровардани ҳоҷоти доимии онҳо, дур намондани онҳо аз доираи лутфу шафқату иноят барои ҳар яки мо намунаи ибрат ва пайравист.

Наҷмиддин Салимов,

сармутахассиси Кумита оид ба корҳои дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

17.05.2025

أكثر
الفجر03:33
الظهر12:40
العصر17:45
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر