الصفحة الرئيسية المقالات Муомилаи нек бо ғайримусалмонҳо

Муомилаи нек бо ғайримусалмонҳо

Муомилаи нек бо ғайримусалмонҳо
2018-05-04
2923

Аз рӯи мушоҳидаҳо ва далелҳои мавҷуда бармеояд, ки роҳбарону ташкилкунандагони гурӯҳҳои тундгарои ифротӣ аз номи Ислом сӯистифода намуда, ба муқобили инсоният бо истифода аз тамоми васоил баромад мекунанд ва барои онҳо ягон муқаддасот вуҷуд надорад. Махсусан, ташкилотҳои экстремистию террористие чун ДИИШ, ҲНИТ ва амсоли он ҳамчун гурӯҳи зиддиинсонӣ бо бедодгариҳо ва қатлу ғорати худ машҳур гардидаанд. Муносибати бераҳмонаи онҳо бо мусалмонон ва дигар миллатҳои ғайри мусалмонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад. Исломи азиз ба ягон шахс иҷозат намедиҳад, ки ҳатто бо ғайри мусалмонҳо муомилаи бад дошта бошад. Барои исботи ин суханон ба оётҳои қуръонӣ менигарем, ки дар ин маънӣ Аллоҳи бузург дар сураи “Мумтаҳина”, ояти 8 мефармояд: “Худованд шуморо аз касоне, ки бо шумо дар дин наҷангида ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, бознамедорад, ки бо онон некӣ кунед ва бо онон ба инсоф рафтор кунед. Ба дурустӣ ки Худо инсофкунандагонро дӯст медорад”.

Ҳар инсон бо ҳар дин, нажод ва ранге, ки бошад, барои мусалмон дорои эҳтиром ва каромат аст, чунончи Худованди мутаъол мефармояд:”Ба ростӣ мо фарзандони одамро гиромӣ доштем”, сураи Исро, ҷузъе аз ояти 70. Ҳар инсонро лозим аст, ки ин икром ва ҳурматро риоя кунад ва яке аз намунаҳои амалии ин маврид, ҳадисе аст бо ривояти Имом Бухорӣ (р): ”Ҷанозаеро аз назди Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон) мегузаронанд. Паёмбар (с) баланд шуданд ва ба эҳтироми мурда истоданд. Касе гуфт: Эй Расули Худо! Ин ҷанозаи фарди яҳудӣ аст. Ҳазрати Паёмбар(с) гуфтанд: Магар инсон нест?

Ононе, ки пайрави дини осмонианд ва аз сӯи Худованди меҳрубон китоб ба онон нозил шудааст, монанди Яҳуд ва Насоро, Қуръон ононро ба сабаби нармхӯӣ ва улфати мусалмонон бо онон “Аҳли китоб” ном ниҳодааст. Дастури Ислом ба мусалмонон дар бораи муносибат бо “Аҳли китоб”, ин муомилаи нек аст. Ислом хӯроки аҳли китоб ва мусалмононро барои ҳам мубоҳ, ҳалол ва покиза донистааст, инчунин, издивоҷ бо ононро мубоҳ донистааст. Худованди меҳрубон дар сураи Моида, ҷузъи ояти 5 мефармояд: “Ва таоми касоне, ки аҳли китобанд, барои шумо ҳалол ва таоми шумо барои онон ҳалол аст....ва ҳалол аст издивоҷ бо занони покдоман аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шуда”. Худованди мутаъол ба  “Аҳли китоб” аҳамияти хос дода ва ба эшон эҳтиром мегузорад ва ононро, ки хоҳ таҳти сояи Ислом бошанд ва ё хориҷ аз қаламрави он қарор гирифтаанд, бо некӣ, “Эй аҳли китоб” ва “ Эй он нафароне, ки барояшон китоб дода шуда” хитоб мекунад ва дар ин асос ба мусалмонон ишора мекунад, ки онон дар асл соҳиби дини осмонӣ ва соҳиби китоб ҳастанд. Пас бо пайравони аҳли китоб муомилаи бадро раво дидан ва онҳоро ба қатл расонидан, гаравгон гирифтан, дар оташ сӯзонидан ва боз дигар амалҳои бадро раво дидан, чӣ тавре ки ҷангиёни ДИИШ мекунанд, ин ошкоро муқобили Қуръон баромадан аст ва Худованд золимонро дӯст намедорад.

Нурулло Ҳидоятов,

имоми масҷиди Тезгузари ш. Конибодом

وقت الصلاة في طاجيكستان

17.05.2025

أكثر
الفجر03:33
الظهر12:40
العصر17:45
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر