الصفحة الرئيسية المقالات Ғаразу хусумат ба ҷойи адолату ухувват

Ғаразу хусумат ба ҷойи адолату ухувват

Ғаразу хусумат ба ҷойи адолату ухувват
2018-05-25
2820

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Ҳамду санои беадад шоистаи Худованди ягона аст ва дуруду саломи бениҳоят ба Паёмбари гиромии Ислом (с) ва хонадону ёронаш бод. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли дунявӣ аз рўзи касби истиқлол пайдо карданаш сиёсатеро пеш гирифт, ки онро дарҳои кушода меноманд. Маънии ин ибора, яъне сиёсати дарҳои кушода ҳамин аст, ки мо ба ҳама кишварҳои ҷаҳон дар ҳама соҳаҳо – иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, дину маданият ва ғайра ҳамкорӣ мекунем, агар манофеи дуҷониба ба инобат гирифта шавад, агар ин ҳамкориҳо барои рушди давлатҳо ва ба манфиати мардумони онҳо бошад. Маълум аст, ки ҳар давлат дар замони муосир арзишҳо ва манфиатҳои худро дорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки онҳо поймол карда шаванд.

Мутаассифона, на ҳама давлатҳое, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, чунин ҳадафи сиёсати имрўзаи кишвари моро дуруст дарк мекунанд. Аз дўстиву муносибати самимонаву дилсўзонаи кишвари мо гоҳо сўиистифода карда, ҳадафҳои худ, мафкураи ба мо бегона ва то андозае хатарнокро дар кишвари мо амалӣ кардан мехоҳанд.

Сарвари давлати мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин баромадҳояш даъват намудааст, ки Тоҷикистон як кишвари озод аст, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро худаш муайян мекунад, аммо намегузорад, ки ба корҳои дохилии он дигар мамлакатҳо дахолат карда бошанд. Дари мамлакати мо ба рўи ҳар давлате, ки дўстиву ҳамкорӣ мехоҳад, ҳамеша боз аст. ҳайф, ки ин даъватҳо ва ин муносибати самимӣ баъзан аз ҷониби баъзе кишварҳо ба тариқи дигар дарк мешавад.

ҳоло дар арсаи байналмилалӣ мубориза бо тундагроӣ ва ифрот масъалаи рақами як шудааст. Тоҷикистон дар ин саҳнаи мубориза ниҳоят собитқадам аст, зеро мо таҷрибаи аз ҷониби ҳНИТ ва баъзе гурўҳҳои ба он ҳамақида дар Тоҷикистон амалӣ намудани кўшиши табаддулотро аз сар гузаронидаем. Таҳқиқи судӣ муайян кард, ки дар ин амали фоҷиабори зиддидавлатӣ ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ даст доштааст. Неруҳои давлатӣ юриши ҳамдасти қарини ин ҳизби террористию экстремистӣ – ҳНИТ, яъне Абдуҳалим Назаровро бо тахаллуси ҳоҷӣ ҳалим шикаст доданд. Зиёда аз ин, дар натиҷаи ҷустуҷўҳои зиёд ва таҳқиқоти муфассали судӣ муайян шуд, ки чандин нафар арбобони сиёсат ва ҷамъият – Нурулло ҳувайдуллоев, Отахон Латифӣ, Муродулло Шералиев, Минҳоҷ ғуломов ва дигарон бо мақсади ташаннуҷ додани вазъи дохилӣ аз ҷониби хизматгузорони ҳНИТ талаф ёфтаанд.

Далели дигари ниҳоят таассуфомез он аст, ки ҳарчанд ҳНИТ бо қарори суд маҳкум шуда бошад ҳам, аммо саркардагону раҳбарони он дар баъзе кишварҳои Аврупо ва Эрон низ озодона ба таблиғи сиёсати хушунатомезашон машғуланд, касе онҳоро дастгир намекунад ва ба Тоҷикистон интиқол намедиҳад. Дар Эроне, ки бо мо мудом суҳбати ҳамдиниву ҳамфарҳангӣ ва бародарӣ мекунад, Кабириро раҳбари олии ин давлат қабул карда, бо ў ҳамчун меҳмони олиқадр муносибат мекунад. Магар Эрон намедонад, ки Кабирӣ дар Тоҷикистон бо гуноҳи тундгароӣ ва ифрот гунаҳкор шудааст? Медонад, аммо ин кишвар тавассути ин гуна ашхос манфиатҳои хоси худро роҳандозӣ карданист, аз ин рў, худро нодида мегирад.

Аз ин хотир ва бисёр масъалаҳое, ки ба ҳНИТ ва масъулини он алоқаманданд, чанде қабл дар рў ба рўи сафорати ин кишвар тазоҳурот баргузор шуд. Мо ҳаргиз ҷонибдори гирдиҳамоиҳо нестем, дар давлати ҳуқуқбунёд ҳама гуна чорабиниҳо бояд аз рўи қонун сурат гирад. Аммо пешниҳоди ин гурўҳ қобили таваҷҷуҳ мебошад. То ба кай ин кишвар бо мо муносибати дугона ва ё духела мекарда бошад?

Аллакай маълум шудааст, ки аксар толибилмоне, ки дар донишкадаҳои ин мамлакат таҳсил кардаанд, бо мафкураи бегона ва андешаҳои ғалат ба ватан бармегарданд, усули таълими онҳо реша дар пояи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома дорад, ки бо тарзу усули таълими динии мо мувофиқ нест. ғайр аз ин, тавассути роҳҳои гуногун мехоҳанд дар фазои орому осудаи динии мо идеологияи шиаро ҷорӣ намоянд. Ин корашон куллан ба арзишҳои милливу динии мо мухолиф аст. Беш аз 90 фоизи мардуми тоҷик пайрави ҳанафӣ буда, анъанаҳои эътиқодии ин мазҳаби аҷдодӣ, ба қавле дар хуну пўсти омма ворид шудааст. Чӣ гуна метавон дар як зарф ду навъи обро омехта кард? Ин кор оқибатҳое дорад, ки ба парокандагӣ ва низоъ меорад.

Масъалаи ниҳоят ҳассосе, ки мақомоти эронӣ ба он дахолат мекунанд, гўиё торафт танг шудани майдони озодиҳои эътиқодии мардуми тоҷик бошад. Халқ мақоли хубе дорад: «аввал бубин ҷойи худ, баъд гузор пойи худ». Дар Эрон кулли муслимини аҳли суннат  ҳоли пурмашаққате доранд, ҳатто дар ҳокимияти қонунгузор намояндагонашон аз ақаллиятҳои миллии дигар бамаротиб кам аст, онҳоро дар ягон кори пурмасъули давлатӣ роҳ намедиҳанд, масҷидҳояшонро мебанданд, сунниҳо мудом дар ҳоли таъқибу фишору озор қарор доранд. Инҳо магар далелҳои маҳдудияти озодиҳои динии аҳли суннати Эрон нест? ҳамин тариқ, қабл аз ин ки масъулини ҳокимияти давлатии Эрон ба муаммоҳои дину диндории Тоҷикистон дахолат кунанд, бояд худ биандешанд, ки вазъи эътиқодии мардуми худашон дар чӣ ҳол аст ва чаро таъқибу фишори ақаллиятҳои динии он кишвар даҳсолаҳо боз идома меёбад.

  ҳоло вазъият тақозо мекунад, ки дар муносибатҳои миёни кишварҳо адолату ростӣ ва эҳтироми арзишҳои ҳамдигарӣ бояд ба инобат гирифта шаванд. Роҳи дигаре, ба андешаи мо, вуҷуд надорад.

Саидмукаррам Абдуқдирзода Раиси Шурои уламо

وقت الصلاة في طاجيكستان

17.05.2025

أكثر
الفجر03:33
الظهر12:40
العصر17:45
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر