الصفحة الرئيسية المقالات Ҳадафҳои рушди устувор. Боби алоҳида оид ба ҳалли мушкилоти об

Ҳадафҳои рушди устувор. Боби алоҳида оид ба ҳалли мушкилоти об

Ҳадафҳои рушди устувор. Боби алоҳида оид ба ҳалли мушкилоти об
2018-05-25
3208

Об дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин стратегияҳои рушд, ҳамчун омили муҳими рушди устувор зикр шудааст. Дар барномаи ҷаҳонии СММ - Ҳадафҳои Рушди Устувор барои ҳалли мушкилоти глобалии об ҷудо гардидани боби алоҳида низ нишони муҳимият ва нақши калидии об дар рушди иқтисодӣ мебошад. 
«Дар шароити муосири бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад», - таъкид менамоянд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Дар Тоҷикистон 95 дарсади неруи барқ ба воситаи неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Рушди хоҷагии деҳот низ асосан дар заминаи об пеш меравад, зеро 80 дарсади  маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ истеҳсол мегардад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳалли мушкилоти обӣ таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомидании безарар мебошад. Бартараф кардани ин мушкилот, хусусан дар деҳот, ки зиёда аз 70 дарсади аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад, хеле муҳим мебошад. Бинобар ин, об ва захираҳои он дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз ҷойҳои калидиро ишғол кардааст.  
Бо мақсади танзими ҳадафу вазифаҳое, ки ба захираҳои об вобастаанд, ҳоло дар мамлакат лоиҳаи стратегияи миллии об барои то соли 2030 таҳия шуда истодааст. Лоиҳаи кодекси обии мамлакат дар таҳрири нав, ки дар он тамоюлҳо ва талаботи замони муосир ба назар гирифта шудаанд, аллакай таҳия шуда, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании безарар ва санитария дар ин санадҳо мавқеи асосӣ дорад.
Ҳоло татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз тарафи ҳамаи кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт, оғоз гардидааст. Даҳсолаи мазкур барои муколамаҳои сиёсӣ, табодули маълумот ва таҷриба платформаи муҳим буда, ҷиҳати мусоидат намудан ба иҷрои он ҳадафу вазифаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки ба захираҳои об алоқаманданд ва дар рӯзномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар давраи то соли 2030 нишон дода шудаанд, воситаи беҳтарин мебошад. 
Мо бовар дорем, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз даҳсолаи нав, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар ҳамаи сатҳҳо, инчунин барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода мебарад ва ин даҳсола барои башарият хизмати арзанда мекунад.

А. Валиев

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

16.05.2025

أكثر
الفجر03:33
الظهر12:40
العصر17:44
المغرب19:43
العشاء21:13
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر