الصفحة الرئيسية المقالات Фоидаҳои рӯза дар ҷисму рӯҳи инсон

Фоидаҳои рӯза дар ҷисму рӯҳи инсон

Фоидаҳои рӯза дар ҷисму рӯҳи инсон
2018-06-01
3621

Ҳамди беҳад Худованди меҳрубонро, ки моро боз ба моҳи пурбаракати Рамазон - моҳи хайру саховат, тоату ибодат ва тиловати Қуръон расонид. Дуруду саломи бепоён бар Расули инсу ҷон ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ҳама медонем, ки инсон аз модда (ҷисм) ва рӯҳ иборат аст. Рӯҳ муҳимтарин ва пурзӯртарин бахши вуҷуди инсон аст, зеро ҷисм мемирад, аммо рӯҳ ҷовид мемонад. Ҷисми берӯҳ монанди ҳайкал пуч ва хушку холӣ аст.

Рӯза барои ҷисму рӯҳи инсон фоидаҳои маънавӣ ва иҷтимоии зиёд дорад, чун Худованди мутаъол ба воситаи он инсонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ва ба ӯ хештандорӣ ва худидоракуниро меомӯзад. Ин як мактаби саломатӣ ва беҳдоштии бадан аст, ки дар инсон ва узвҳои дарунии ӯ тақвият ба вуҷуд меорад. Рӯза як ибодати пурманфиъатест, ки на танҳо инсонро соҳиби савоби бузург мегардонад, инчунин барои пешгирӣ аз анвоъи гуногуни бемориҳои муосир ба ӯ мусоидат мекунад. Имрӯз илми тиб рӯзаро воситаи беҳтарини табобат аз бемориҳои музир ва як усули муассиртарини пешгирии аксари бемориҳо муаррифӣ намудааст.

Агар намоз, ки болотарин мазҳари покизагӣ ва нуқтаи пайванди банда бо Худост, ки дар таскини асабҳо, бартараф сохтани дардҳо, изтироботи ботинӣ ва парешониҳо, зудудани ғамҳо ва эҳёи оромиш ба қалби инсон беҳтарин восита маҳсуб меёбад, пас рӯза ба ҷисму рӯҳ ва ақли инсон неру ва ба қалби ӯ тақвою хештандорӣ мебахшад ва фаъолияти зеҳнии ӯро афзун мегардонад.

Дар ин моҳи муборак ибодатҳо зиёд гардида нафсҳо тарбия меёбад. Дар ин моҳ дасти ёрии нафарони доро ба сӯи қишри камбизоат дароз мегардад, ки дар натиҷа савобу мағфират ба авҷ мерасад. Ин моҳ бо хондани таровеҳ ва хатми Қуръон, дуову ниёиш ва ифтору саҳархӯриҳо дар ҳаёти ҳар фарди мӯъмин як сафҳаи тоза боз менамояд. Дар ин моҳ банда шикебоии худро ба исбот мерасонад ва сазовори хайру баракат ва навозиши Борӣ таъоло мегардад, инчунин наҷотро дар рӯзи пурдаҳшати қиёмат ҳосил менамояд. Чунончи Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Рӯза ва Қуръон рӯзи қиёмат ба шафоати соҳиби худ бармехезанд. Рӯза мегӯяд: “Парвардигоро, рӯзҳо ман ӯро аз хӯрдану нӯшидан ва рафъи дигар хостаҳояш манъ кардам, маро дар ҳаққи ӯ шафеъ гардон”. Қуръон мегӯяд: “Ман шабҳо аз хоби ӯ монеъ мегардидам, шафоъати маро дар бораи ӯ бипазир”. Пас ҳардуяшон барои вай шафеъ гардонда мешаванд”.

Рӯза доштани моҳи Рамазон илова бар он машаққате, ки дар он вуҷуд дорад, ба инсон одоби амал низ меомӯзад. Аз ҳазрати Юсуф (а) пурсиданд: “Барои чӣ бар гуруснагӣ сабр мекунӣ, ҳол он ки хазинаҳои Миср ба ту дода шудааст?”. Юсуф  (а) гуфт: “Метарсам, ки сер шаваму гуруснагонро фаромӯш кунам”. Дар воқеъ, тибқи таълимоти исломӣ рӯза доштан риёзати ҷону тан аст ва ба ин васила одамон ҷисму рӯҳи худро аз хаёлу андешаҳои ботил ва кирдору рафтори ношоиста эмин медоранд. Ба ибораи дигар, риёзату ибодат одоби писандидаи исломӣ буда, моҳияти асосии дини ислом низ тарғиби покиву озодагӣ, парҳезкорӣ ва омӯхтани илму дониш аст.

Моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рӯза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст.

Дар охир аз Худованди Маннон барои худ ва тамоми мардуми кишвари азизамон масъалат дорам, ки дар ин даҳаи мағфирати гуноҳон номаи аъмоли ҳамагонро ҳамчун варақи сафед покиза бигардонад ва дар зиндагии оянда бурдбориҳо ва комёбиҳоро аз хизонаи ғайбаш арзонӣ фармояд.

Мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

Сангалиев Маҳмуд

وقت الصلاة في طاجيكستان

16.05.2025

أكثر
الفجر03:33
الظهر12:40
العصر17:44
المغرب19:43
العشاء21:13
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر