الصفحة الرئيسية المقالات Чанд матлабе дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат

Чанд матлабе дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат

Чанд матлабе дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат
2018-07-06
3122

Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳақиқати таърихиро ба мардум тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ИНОТ (Иттиҳоди нерўҳои опозитсияи тоҷик) созишномаи сулҳро ба имзо расонида буд, на бо ТЭТ ҲНИ. Бинобар ин, ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вақт як ҷониби сулҳ буда наметавонад. ҲНИ як ҳизби сохташуда буд, ки тамоми хабосати худро дар пушти парчами сафеди Ислом пинҳон карда буд ва мақсадаш фақат ин буд, ки бар сари қудрат ояд, на хидмати дин мехост ва на хидмати Ватан, кори пешгирифтааш розӣ кардани оқоёни берунияш буд, ки аз онҳо пулу маблағ ба даст меовард. Албатта миллати тоҷик ҳама аз ин кори  хабисонаи пур аз ҳилаву найранги ТЭТ ҲНИ ба хубӣ огоҳ шудаанд. Чанде аз онро Ҳукумати Тоҷикистон ошкор кард ва чанде дигарро пайравони худи ҳамин ҳизб ба мардум эътироф карда, ошкоро гуфтанд, ки мо аз замони Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз хоҷагони хориҷӣ пул гирифта бо он яроқ мехаридем. Дар натиҷа сабаби марги ҳазорон нафар шуда, фарзандони онҳоро ятим кардем ва хонаҳои ободи онҳоро ба мотам кашидем. Ин суханони пайравони худи Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ба монанди Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслакони онҳо мебошад.

Хушбахтона ҳадафи хабисонаи ТЭТ ҲНИ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ошкор карда шуд ва ба онҳо ба ҳадафи шуми худ нарасиданд ва ин дунёхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсади шуми худ намерасанд ва мову шумо мебинем, ки Худованд онҳоро дар ҳамаи ҳилаву найрангашон расво месозад, чунки аз ин қотилон Худо ҳам норозӣ аст. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояш мегўядд, ки ин террористон дину миллату мазҳаб надоранд. Дину миллати мазҳаби инҳо пулу доллар шудааст, ки аз хоҷагони хориҷияшон ба даст меоранд. Ҳатто дар ҷанозаи падару модари худ ширкат намекунанд, вой бар ҳоли ин расвоён, ки охиратро бар ивази дунё фурўхтаанд.

Сармутахассиси Раёсати фатво

Сангалиев Маҳмуд

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر