الصفحة الرئيسية المقالات ДАРСИ ВАТАНДОРӢ

ДАРСИ ВАТАНДОРӢ

ДАРСИ ВАТАНДОРӢ
2018-07-12
2793

Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар Дар ҷараёни мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар Сарвари давлат аз хатару паёмадҳои терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир сухан ронда, таъкид карданд, ки ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардид. Ба таъкиди воқеъбинонаи Пешвои миллат, ин ҳаводис барои ҳамагон бояд сабақомӯз бошад.

 
Пешвои миллат аз ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият, ки гурӯҳе аз бадхоҳони миллат бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон бо мақсади бунёди давлати мазҳабӣ кишварро ба вартаи нобудшавӣ расонда буданд, ёдовар шуданд. Доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо суиистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ кишвари моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда, чун нуқтаи ҷангзада ба маърази аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Бадхоҳони миллати мо, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Онҳо тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷӣ бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабар аз он, ки теша ба решаи хеш мезананд. Сарвари давлат сокинони кишварро даъват намуданд, ки дар чунин шароит зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша ҳушёр бошанд, зеро ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта шавад.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор месозад, то нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.


Дар вохӯрӣ бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин Сарвари давлат бори дигар оид ба аҳамияти қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти қонунҳои мазкурро талаб намуданд. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  мо - аҳли ҷомеаро зарур аст, ки баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати миллат ва давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешем. Оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхона, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ҳамагӣ дасти ҳам гирифта амал намоем.

Ҳайдар Одиназода

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر