«Дини мубини ислом дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест…».
ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дини мубини ислом ин дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест, балки ислом дини раҳмат аст, ислом дини ваҳдат аст, ислом дини сулҳу осоиштагӣ аст…», — чунин навиштааст ноиби Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Искандаршо Умаров, ки имрӯз дар сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Дини мубини ислом ин дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест, балки ислом дини раҳмат аст, ислом дини ваҳдат аст, ислом дини сулҳу осоиштагӣ аст. Парчами ислом сиёҳ нест, парчами ислом сабзу хуррамӣ аст.
Мо мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он шикоят дорем, ки миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо Ҷумҳурии исломии Эрон макони сарпаноҳи хоинон ва душманони миллати тоҷик гардидааст.
Муҳтарам дипломатҳои ҷумҳурии ба мо бародар,
Шумо хуб аз таърихи сулҳи тоҷикон огаҳ ҳастед, ки бо чӣ гуна ҷонбозиҳо ба даст омад. Агар дастандаркорони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ҳадафашон сулҳи воқеӣ мебуд, пас чаро дар зери ливои сулҳ зиндагии осударо нахостанд?.
Ҳар хоҳише, ки ин ноҷавонмардон аз Ҳукумати Тоҷикистон намуданд, он амалӣ гардид. Аммо дар зери ниқоби ислом аз сари нав ба давлатхоҳӣ ва табаддулот даст заданд.
Халқи тоҷик дигар он мардуми солҳои 90-ум нест, ки дасисаи наҳзатиҳоро пайгирӣ намояд. Зеро дар рафти фаъолияти ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом мардуми тоҷик дарк намуд, ки инҳо на ҳомии дин, балки хоини дин мебошанд.
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар номаи хеш ба АМИТ «Ховар» аз ибтикору хизматҳои Эрон дар марзи Тоҷикистон ёдовар шудааст. Аммо аз «ибтикор»-у «хизматҳое» чун даъвати террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси «Ваҳдати исломӣ», оид ба нодида гирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ҷараёнҳои ифротиву террористӣ чизе нагуфтааст, дар бораи маскун гардонидани террористон ва ифротгароён дар шаҳрҳои хеш чизе нагуфтааст! Чаро?
Искандаршо Умаров,
ноиби Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Бознашр аз сомонаи Ховар