الصفحة الرئيسية المقالات Хақиқат хоҳу нохоҳ рӯи об мебарояд

Хақиқат хоҳу нохоҳ рӯи об мебарояд

Хақиқат хоҳу нохоҳ рӯи об мебарояд
2018-07-26
3016

Таърих саргузашту воқеоти гузаштаро инъикос мекунад ва як ҳадафаш ҳамин аст, ки дарси ибрат медиҳад. Аз ҳодисоти нангини ҷанги таҳмилии солои 1992-1997 инак 21 сол гузашта бошад ҳам, баъзе асрори нуҳуфтаи он имрӯзҳо ошкор карда мешаванд.

Яке аз чунин ошкоргӯиҳо дар мизи гирде бахшида ба таҷлили Ваҳдати миллӣ баён шуд. Дар суханронии Маҳдӣ Собиров вазъи ҳарбию сиёсии қисмати шарқии Тоҷикистон дар солҳои баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ хеле муфассал баён шуд. Аз ин гузориш маълум мешавад, ки дар шарқи Тоҷикистон, махсусан дар навоҳии Файзобод, Ғарму Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нурободу Ваҳдат то наздикиҳои пойтахт баъди бастани шартномаи сулҳ низ нооромиҳо идома доштанд. Қумондонҳои мухолифин - Қосимҷон Исматов, бо лақаби мулло Костя дар дараи Ромит, Нозим Юнусов дар деҳаи Сайёди дараи Ромит, Абдулвосеъ Латифов дар колхози Карим Исмоилови ноҳияи Кофарниҳон, Фатҳуллохони Хайриддин бо лақаби «Эшони Дароз» дар деҳаи Купрӯкбошии ноҳияи Кофарниҳон, Абдулло Раҳимов бо лақаби «Абдуллои Камонгарӣ» дар  деҳаҳои Чорсада, Ҷавонӣ, Луғур, Тутхор, шаҳракҳои Файзобод ва Комсомолобод, Ризвон Садиров бо лақаби «Ҳазрат» дар Оби Гарм, болооби Норак, деҳаҳои Сангтӯда, Тезгарди боло, Тезгарди поён, Таги Адири ноҳияи Ленин, деҳаҳои Камонгарони тоҷик, Камонгарони ӯзбек, Чинор, Муғулон, колхози Телман, совхози Гулистон, деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ва боз чандин нафарони дигар новобаста ба он ки миёни раҳбарияти мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сулҳ аллакай баста шуда буд, мардумро бесарусомон карда, ҳар яке барои худ “аморат”-и алоҳидаеро таъсис дода буданд.

Акнун як лаҳза фикр кунем, ки агар созишномаи сулҳ хеле дертар баста мешуд ва ё имкони бастани он намешуд, Тоҷикистонро чи гуна вазъияти пурхатаре интизор дошт. Вазъият ҳамон хел мешуд, ки ҳоло дар Афғонистон аст. Дар ҳар деҳкада ва минтақа қонунҳои хоси қумондонҳо, талаву тороҷи мардум ва ниҳоят зиддияти хунини байни онҳо барои ҳокимият. Кор то дараҷае расида буд, ки ин мутаассибони дар хориҷи малакат дарси ҷиҳод омӯхта ба ҳеҷ кас раҳму шафқат намекарданд, онҳо ҳатто барои аз байн бурдани якдигар ба ҷиноятҳои гӯшношунид даст мезаданд.

Яке аз фоҷиаҳои бадтарине, ки дастандаркорону нӯкарони ҳизби наҳзат ба он даст заданд, қатли бераҳмонаи се нафар корманди СММ ва як тарҷумони тоҷик – Ҷӯра Маҳрамов дар таърихи 20-уми июли соли 1998 буд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба такон овард. Ин ҷиноят аз ҷониби Мирзомуддин Валиев, Ёқубҷон Дарвешов ва Сайраҳмон Довудов аз гурӯҳи тахрибкори Мулло Абдулло содир шуда буд.

Ин ҷиноят дар ҳоле содир шуд, ки аз имзои Созишномаи сулҳ қариб як сол гузашта буд. Худи ҳамин далел гувоҳи он аст, ки на ҳама мухолифин тобеи ИНОТ ва содиқу пойбанд ба Созишнома буданд. Онҳо, ки лаззати ҳукмронӣ ва фармонфармоии халқи бечораву бесарпаноҳро ёфта буданд, дигар ба касе итоат кардан намехостанд. Маҳз сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки оҳиста-оҳиста дар шарқи мамлакат тинҷиву осудагӣ барқарор шуд ва гурӯҳҳои мустақили ҷангӣ аз байн бурда шуданд.

Ватан бо якпорчагиву муттаҳидиаш азиз аст. Якпорча кардани ин сарзамин ва муттаҳид кардани тамоми миллат зери як ливо хизмати бузургтарини Пешвои миллат аст, ки дар саҳафоти таърих якумрӣ боқӣ мемонад. 

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر