الصفحة الرئيسية المقالات Вақте сулҳ набуд, дар куҷо будед?

Вақте сулҳ набуд, дар куҷо будед?

Вақте сулҳ набуд, дар куҷо будед?
2018-07-26
2651

Матни суханронии Маҳдӣ Собиров дар мизи мудаввари 19.07.2018 бо номи “Вазъи ҳарбию сиёсӣ баъди Созишномаи Истиқрори сулҳ дар шарқи Тоҷикистон”, ки дар меҳмонхонаи Шератони ш. Душанбе баргузор гашт, аз ҳақиқат будани ҳодисаҳои нангини солҳои 90-ум дарак медиҳад. Банда бо ҳамсабақони худ дар он солҳо хатмкунандаи мактаби миёна будему ин хабарҳоро аз даҳони “мардбачаҳо”-и он замон мешунидем, акнун он суханон бо баромади Маҳдӣ Собиров тасдиқ гардид.

Ҳар вақт, ки мардум аз барқарор шудани сулҳ дарк меёфтанд, занону кӯдакон, пирону калонсолон хурсанд мегаштанд, вале боз дере нагузашта хабари куштори ҷавонони бегуноҳ ба гӯш мерасид.

Дар он солҳо бо азму кӯшиши роҳбари давлат, ки он замон ҳама аз сарварию роҳбари канораҷӯӣ мекарданд, сулҳ бо бастани Созишномаи Истиқрори сулҳ барқарор гардид.

Хуллас, ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар замоне ба имзо расид, ки миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли он дар вартаи ҳалокат ва нестӣ  қарор дошт. Дар қисми шарқии кишвар ҷангҳои шадид байни нерӯҳои  мухолифин ва ҳукуматӣ панҷ сол боз идома доштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ хоҷагии халқи кишвар ва иқтисодиёти онро хароб ва дар баъзе ноҳияҳо сохторҳои давлатиро аз байн бурда буд. Бояд ин Созишнома  ибтидои раванди фаъоли таҷдид ва азнавмутаҳидкунии баъдиҷангӣ мегардид. Давраи азнавбарқароркунии ҳисороти ҷанг, ором кардани шиддати ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани шароити эътимод ва боварӣ бо якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва мустаҳкам кардани сулҳу амният фаро мерасид. Он вақт дар куҷо буданд ин даъвогарони Ватану миллат?, дар куҷо буданд кумаки молии онҳо?, дар куҷо буданд он Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш?, дар куҷо буданд он гурӯҳчаҳо бо аъзоёнашон?, ки тинҷию амонӣ, серию пурии мардум, халқро барқарор созанд, мардумро, халқро, халқи тоҷикро аз вартаи ҳалокат, аз нестшавӣ раҳо кунанд.

Дар мардум як сухан аст, ки “Обод карда наметавонӣ, вайрон макун!”. Ин қабил мардум ғайр аз ҷайби худ дигар на обод кардани Ватану миллат, Тоҷикистон, ва на сулҳу ободӣ ва на ягон намуд исломро дар Тоҷикистон намехоҳанд. Агар даъвои онҳо холис аз барои Худо кумак ба ислом мебуд, ки гӯё онҳо ба ин кӯшиш менамоянд, ҳаргиз даст ба хиёнату разолат намезанад.

Абдуҷаббор Шоев,

 Устоди кафедраи Фалсафа ва илмҳои ҷамъиятии ДИТ

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر