الصفحة الرئيسية المقالات Пешвои миллат дар неругоҳи барқи обии роғун

Пешвои миллат дар неругоҳи барқи обии роғун

Пешвои миллат дар неругоҳи барқи обии роғун
2018-08-03
2629

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии Роғун ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуд. Онҳо аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома доранд, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди неругоҳ, ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳангоми сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ - ченкунӣ низ амалӣ гардид.
Тибқи иттилои масъулон, то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 48 асбоби санҷишӣ - ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.
Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм - қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфтаи масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО - и Роғунро ҳидоят карданд, ки ҳар амали  сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии неругоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО - и Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейерӣ иштирок намуданд.
Бунёди хати конвейерӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони Ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расонда, васлу насби таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейерӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Фаронса ва Олмон мебошанд, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти неругоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудаанд ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд.
Дар саргаҳи хати конвейерӣ, ҳамзамон, ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудааст, ки вобаста ба зарурат тариқи автоматӣ ҳама гуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозад. Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейерӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.
Воқеан, коргарони муҳандисию техникии НБО - и Роғун ҳар амали сохтмониро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд. Зеро рафти сохтмони неругоҳ таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омил асоси босифат ва мувофиқи нақша пеш рафтани корҳои сохтмонӣ мебошад.

Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи имрӯзаи иншооти сойи Оби Шӯр ва садди муҳофизатӣ, ки дар ин ҷо ҳанӯз соли 2015 сохтмонаш ба анҷом расида буд, шинос шуданд.

Садди мазкур дар қисмати поёнии сойи Оби Шӯр сохта шуда, барои ҳимояи иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дар рӯзҳои боришоти зиёд пешбинӣ гардидааст. Садд бо баландии 75 ва паҳноии 20 метр бунёд гардида, шиддати харобиовари селро барҳам медиҳад. Дар ин иншоот ба миқдори 250 ҳазор метри мукааб бетон хобонда шуда, ҳаҷми арматураи басташуда зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Зимни боздид аз ин мавзеъ, Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати ҳифз намудани иншоот ва сари вақт тоза намудани қабатҳои муҳофизатии он дастуру супоришҳо доданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдончаи назоратӣ бо рафти корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии неругоҳ, корҳои берунии бинои таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ҳолати имрӯзаи садди асосӣ ва фаъолияти сохтмончиён дар иншооти дигари ин мавзеъ шинос шуданд. Тавре аён гардид, сохтмончиён то имрӯз корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобониро дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2 ба анҷом расонда, ҳоло ба арматурбандии қисмати сақф машғуланд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома доранд.
Теъдоди умумии сохтмончиён дар ин мавзеъ аз 200 нафар бештар буда, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати пешрафти корҳо масолеҳи сохтмонӣ ва техникаву механизми зарурӣ муҳайёанд. Дарозии нақби сохтмонии қабати 1-ум 1365 метр ва нақби қабати 2-юм 1382 метрро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии Роғун бо таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ки дар масоҳати 1850 метри мураббаъ васлу насб гардидааст, шинос шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ дидан намуданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 дастгоҳи элигазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элигазии 220 кВ насб гардидаанд. Масъулон таъкид доштанд, ки дар ин ҷо корҳои васлгарӣ беш аз 90% ба анҷом расидаанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, бино аз толори таҷҳизоти элигазӣ, долонҳои ноқилгузар, низоми автоматии оташхомӯшкунӣ ва низоми ҳавотозакунӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти худкори низоми оташхомӯшкунӣ пурра васлу насб гардидааст ва он дар сурати сар задани сӯхтор ба таври автоматӣ    фаъол гардида, иншоотро эмин нигоҳ медорад.
Бунёди майдончаи таҷҳизоти берунӣ бошад, дар қисмати чапи иншоот бомаром ҷараён дорад. Дар ин мавзеъ 6 автотрансформатори 500/220/25.75, 3 реактори заминпайванди 500 кВ ва 2 трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда мешаванд. Корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии баромадгоҳи 500 кВ пурра иҷро гардидаанд.
Дар шафати иншооти таҷҳизоти тақсимкунандаи барқ бинои технологии иборат аз 5 ошёна ва таҳхона бунёд гардида, айни замон корҳои рангуборкунии дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома доранд. Тибқи маълумот, дар ошёнаи якуми бино таҷҳизоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва шкафҳои низоми ҷараёни доимӣ васлу насб карда шуда, ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои озмоишҳои химиявӣ, ҳуҷраҳои аккумуляторӣ, озмоишгоҳҳои электротехникӣ ва гузарондани ноқилҳо пешбинӣ шудаанд. Ошёнаи чорум бошад, бо шкафҳои ҳимояи релейӣ ва автоматикунонӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Ошёнаи панҷуми бино барои ҳуҷраҳои корӣ дар назар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулон ва бунёдгарони неругоҳ даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ ҳангоми иҷрои корҳо ба сифати масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва иншо-отро ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд намоянд, то садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر