Фарзандони мо дар моҳи мубораки Рамазон

Фарзандони мо дар моҳи мубораки Рамазон
Имом Бухорӣ дар китоби «Саҳеҳ»-и худ бобе бо номи «Рӯзаи кӯдакон» кушода, дар он аз Рубаййиъ бинти Муаввиз (р) чунин ривоят овардааст:
«Мо рӯза мегирифтем ва фарзандони хурдсоли худро низ водор ба рӯза доштан мекардем, барои онҳо аз пашми рангӣ бозича месохтем, то ҳар гоҳ яке аз онҳо барои ғизо гиря мекард, ӯро бо он бозича саргарм мекардем, то ин ки вақти ифтор фаро мерасид».
Назари уламо бар ин аст, ки ин амал амри воҷиб нест, лекин онро ба кӯдак тадриҷан бояд омӯхт ва барои гузоридани намоз ба ӯ амр бояд кард. Расули Худо (с) дар мавриди намоз мефармояд: «Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз амр кунед ва дар даҳсолагӣ барои тарки намоз танбеҳ кунед».
Бинобар ин, дар моҳи мубораки Рамазон волидон нисбат ба фарзандони худ чӣ нақше бояд дошта бошанд?
1. Ҳангоми омодагӣ барои истиқболи Рамазон изҳори шодмонӣ кардани шумо ва оростани манзил зарурӣ аст, то ки фарзандон аз аҳаммияти ин моҳи муборак огоҳ шаванд.
2. Дар оғози моҳи Рамазон нишасте бо кӯдакон дошта бошед ва дар мавриди бузургии ин моҳ ва кушода шудани дарҳои биҳишт суҳбат намуда, ишора намоед, ки ин моҳ фурсате аст барои афзудани некиҳо ва наздикӣ ба Худованди Мутаъол. Саъй кунед дар мавриди дӯст доштани Худованд ва итоат аз дастуроти ӯ гуфтугӯ намоед.
3. Ба кӯмаки якдигар нақшаи рӯзона ва тарзи истифода аз соатҳоро таҳия кунед. Масалан, барномаеро барои анҷоми корҳои писандидаи рӯзона тартиб диҳед, монанди гуфтугӯ дар мавзӯи фазилат ва подоши рӯза.
4. Барои ибодатҳое, ки мехоҳед фарзандонро ба он одат диҳед, соатҳои муайянро дар барнома муқаррар кунед. Масалан, намоз дар сари вақт, қироати Қуръон ва ғайра. Ҳамчунин ахлоқу рафторҳое монанди худдорӣ аз даъво ва суханони номатлуб, гузашту бахшиш ва дӯстию муҳаббатро ба онҳо биёмӯзед. Дар охири ҳар рӯз ҳар як дар бораи корҳои мусбате, ки дар тӯли рӯз анҷом додааст ва ё иштибоҳе, ки аз ӯ ба вуҷуд омадааст, суҳбат кунанд.
5. Ба онҳо бигӯед, ки шумо низ мақсади баҳраманд шудан аз фазилату баракати моҳи Рамазонро доред, бинобар ин, бояд дар корҳои манзил ба шумо кӯмак кунанд, то ки шумо низ аз савоби ин моҳ баҳравар гардед.
6. Аммо рӯза доштани кӯдакон бояд ботадриҷ ва марҳала ба марҳала амалӣ карда шавад ва ҳар бор соатеро изофа кунад. Барои ҳар рӯзе, ки рӯза мегирад, подошеро дар назар бигиред ва саъй кунед, то аз аввали моҳи муборак ба таври комил рӯза доранд. Албатта барои кӯдаконе, ки рӯза намегиранд, иштирокашонро дар вақти ифтор ва саҳархӯрӣ зарур шуморед, то ин ки дуоҳоро шунида, бо бузургтарон дар шодии онҳо шарик гарданд. Тафовути меъёри таҳаммули кӯдаконро низ риоя намоед.
7. Вақти бештареро бо духтаронатон, хусусан, онҳое, ки ба синни булуғ наздик мебошанд, сарф намуда, ба онҳо масоили фиқҳии рӯзаро биёмӯзед.
8. Саъй кунед бо он писаронатон, ки дар марҳалаи булуғ қарор доранд, бо лутфу меҳрубонӣ ва бар асоси эътимоду эҳтиром паймони дӯстӣ бибандед.
9. Дар ин моҳи муборак бо фарзандонатон дар бӯстони омӯзиши Қуръон сайре дошта бошед. Яъне барномаи қироати ҳаррӯза барои онҳо муқаррар кунед, аввал худ қисмате тиловат намуда, сипас ба хондани онҳо гӯш диҳед. Ба ин тартиб қисматҳое аз Қуръонро дар хилоли Рамазон ҳифз хоҳанд кард.
10. Кӯдаконро дар моҳи Рамазон ба бахшишу саховат одат диҳед ва барои ин кор маблағе аз пул дар ҷайбаш гузоред. Барои онҳо достонҳое дар мавзӯи фазилати садақа ва бахшишу эҳсон нақл кунед.
11. Фарзандонро барои намози субҳ бедор намуда, кӯшиш кунед онҳоро ба пойбандӣ бар намозҳои панҷгона одат диҳед.
12. Бикӯшед дар баробари рӯзадории фарзандонатон онҳоро ба касби ахлоқи некӯ, ватандӯстию ватанпарварӣ ташвиқ кунед.
13. Оё фарзандонатонро дар доми телевизион раҳо мекунед? Тарзи истифода аз барномаҳои телевизиониро ба танзим оварда, тамошои барномаҳои илмӣ ва тарбиятию ахлоқиро барои онҳо тавсия диҳед.
14. Аз Худованди Мутаъол ёрӣ талабида, бо дуову ниёиш ба даргоҳаш аз ӯ қабули рӯзаву намозҳои шаб ва касби ахлоқи некӯро бихоҳед.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر