Сафар¬ ба саодатхонаи миллат
Аз расонаҳои марказӣ иттилоъ ёфтем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ,Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО-и Роғун сафари корӣ доштанд ва дар ин сафар аз аҳволи коргарон бохабар шуданд ва корҳои иҷрошударо бо чашмони худ диданду барои пешрафти кор маслиҳатҳои муфид доданд.
Албатта Пешвои миллат ба ин Иншооти аср аҳамияти хос медиҳанд, зеро агар НБО-И Роғун ба кор дарояд саноату иқтисодиёти мо пеш меравад, хонадони мардуми Тоҷикистон бо нерӯи барқ таьмин гардида, дар бисёр масьалаҳо аз ҷумла дар масьалаи равшандиҳӣ ва таьмини гармӣ мушкилие намемонад.
Вақто, ки Пешвои миллат бо сад меҳру муҳаббат дар ин иншооти аср қадам мезаданду лаҳзаҳои таьрихиро аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо мекардам бо ифтихор чунин назми саҳли мумтаниъ ба забони ман ҷорӣ мешуд:
НБО-И РОҒУН ИФТИХОРИ МИЛЛАТ.
Барқи нерӯгоҳи Роғун ифтихори миллат аст,
Дар раҳи ободӣ ин нўр иқтидори миллат аст.
Тоҷикистони азизам, фахри мо Роғуни туст,
Пешвои одили мо нангу ори миллат аст.
Ирзу чоҳи Тоҷикистон аст нӯру равшанӣ,
Баьд аз ин фардои тобон интизори миллат аст.
Обрӯи халки Тоҷик равнақи Роғун бувад,
Гар ватан гул мекунад, фасли баҳори миллат аст.
Барқи Нерӯгоҳи Роғун худ ба худ н-омад ба даст,
Ин ҳама аз азми неки Шаҳрёри миллат аст.
Васфи Роғунро бигӯ дар ҳар каломат эй Ҳусайн,
Пешрафти Тоҷикистон эьтибори миллат аст.
Худованди бузург тавфиқ ато фармояд, ки сохтмони НБО-и Роғун дар муддати муқарраргашта бо сифати баланд ба поён расад ва кишвари азизамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба яке аз мамлакатҳои пешқадами олам мубаддал гардад! Омин.
Ҳочи Ҳусайн Мӯсозода