الصفحة الرئيسية المقالات Террористӣ мебошад

Террористӣ мебошад

Террористӣ мебошад
2018-09-12
2352

10 сентябр дар пойтахти Полша – шаҳри  Варшава ҷаласа доир ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо оид ба андозагирии инсонӣ, ки ҳамасола Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсони (ДИДҲИ) САҲА доир менамояд, баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии мамлакат Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд.

Н. Зоҳидӣ зимни суханронии худ муҳимияти сулҳ, субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими низоми давлатӣ, ки бар принсипҳои адолати иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартибот асос ёфтааст, таъкид намуд.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муқобилони сохти ҳуқуқӣ, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон аз шумули унсурҳои ҷиноии экстремистӣ, пеш аз ҳама, аъзои ТТЭ ҲНИ борҳо кӯшиш намуданд, ки  вазъи кишварро носубот гардонанд. Вале мардуми Тоҷикистон ба ТТЭ ҲНИ, пайравони он дар дохили кишвар ва пуштибононаш аз хориҷ муқобилияти муносиб нишон дод. Нокомии кӯшишҳои носубот сохтани вазъ дар Тоҷикистон натиҷаи таъмини волоияти қонун ва тартибот, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, манфиати давлат ва ҷомеа дар Тоҷикистон мебошад», — иброз дошт Н. Зоҳидзода.

Ҷонибдории Тоҷикистон ба уҳдадориҳояш дар доираи муборизаи муштарак барои таҳкими сулҳ, амният, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон таъкид карда шуд.

Бо ишора ба густариши фаъолияти терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, фаъолгардии унсурҳои радикалӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки аксар вақт дар арзёбии фаъолият ва ҳадафҳои гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ манфиати ин ё он қувва бартарӣ дорад, ки дар натиҷаи он террористон ба худию бегона ҷудо мешаванд ва нисбат ба онҳо зери пардаи ҳифзи ҳуқуқи инсон меъёрҳои духӯра истифода мешаванд.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ буд ва ҳаст, вале иштироки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсиро, ки дар кишварҳои САҲА дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва амалҳои террористӣ, инчунин тарғиби идеологияи хушунатомез ва бетаҳаммулии динӣ айбдор мешаванд, ғайри қобили қабул мешуморад. Ба сифати чунин ҳизбҳо ТТЭ ҲНИ, ки даст доштанаш дар фаъолияти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳо ва нишондодҳои зиёди раднопазир тасдиқ гардидааст, мисол оварда шуд.

Дар робита ба ин Н.Зоҳидӣ аз давлатҳои иштирокдор даъват ба амал овард, ки ба қоидаҳои мавҷуда ва тартиботи ДИДҲИ доир ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ ислоҳот ворид карда шавад, то ки ба истифодаи майдони САҲА барои пешбурди мақсадҳои тахрибкоронаи унсурҳои ҷиноӣ роҳ дода нашавад.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر