الصفحة الرئيسية المقالات Ташкили эътилоф ё хаёли хом

Ташкили эътилоф ё хаёли хом

Ташкили эътилоф ё хаёли хом
2018-09-14
2471

Санаи 10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  баргузор гардид. Барои дар он ширкат варзидан якчанд намояндаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Вале мутаасифона дар конфронси баргузоргашта даҳҳо намояндаҳои ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои мухолифин иштирок намуданд. Баъдтар ба ҳамагон маълум гашт, ки намояндагони чаҳор созмони мухолифин – Анҷумани озодандешагони Тоҷикистон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТЭТ ҲНИ, ки дар кишварамон аз моҳи сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон карда шудааст, эътилоф ташкил намуданд. Илова бар ин, ташкилкунандагони эътилоф қайд намуданд, ки онҳо омодаанд дигар гурӯҳҳоеро, ки хоҳиши пайваст шуданро доранд, қабул намоянд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи ташкил намудани эътилофи зикргардида сарҷамъ намудани нерӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф мебошад.

Албатта пӯшида нест, ки мақсади асосии роҳбарони ин гурӯҳҳо омадан ба сари ҳокимият аст. Вале барои ба сари ҳокимият омадан онҳо бояд, ки ҳамчун ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. Сипас, онҳо бояд барномаи муайяне дошта бошанд, ки он самтҳои асосии пешрафти кишварро дарбар гирад. Вале гурӯҳҳое, ки эътилоф ташкил намуданд, на ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифта ҳастанду на барномаи амиқи пешрафти давлатро доранд. Аз ин лиҳоз, қонунан онҳо наметавонанд, ки барои ба даст даровардани ҳокимият мубориза баранд. Илова бар ин, аксарияти мардуми мамлакатамон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ ҳастанд ва онро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ҳаргиз воқеаҳое, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани давлатамон сар заданд, фаромӯш нахоҳад кард. Чи тавре ки мутахассисон муайян намуданд, ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишварамон сар зад, тақрибан ҷони 150 ҳазор нафар шаҳрвандонро рабуд ва ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 млрд доллари амрикоӣ хисорат овард. Ҳоло бошад кулли мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешрафти устувори ҳамаҷонибаро интихоб карда, кӯшиш ба харҷ додаистодаанд, ки дар ояндаи наздик кишвари мо низ ба қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон шомил гардад. Яке аз шартҳои расидан ба ин ҳадафи бузург- ин таъмини сулҳу субот аст, ки бидуни он бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ имконнопазир аст.

САҲА дар конфорнсҳое, ки ҳамасола баргузор менамояд, намояндагони ҳизбҳои дар Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ эълоншударо даъват карда истодааст, ки на ба манфиати давлат асту на боиси тағйир ёфтани муносибати давлати мо бо ин созмонҳои ифротӣ  мегардад. 

Ба ҳамагон маълумаст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон – сиёсати «дарҳои кушод» аст, ки омодагии моро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи он инъикос менамояд.  Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарики баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

Хусрав Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر