الصفحة الرئيسية المقالات Ҳадисе, ки бояд такон бошад...

Ҳадисе, ки бояд такон бошад...

Ҳадисе, ки бояд такон бошад...
2018-09-17
3423

Бо гузашти солҳо ҳама пӯшидаҳо ошкор ва хиёнатҳо маълум гардида, миллати тоҷик душмани худро нек шинохт ва боз ҳам мукаммалтар гардид ва  дигар бор ин миллати сарҷамъро наметавон фиреб карду мардуми онро гумроҳ. Инро бояд душманон ва хоинони миллат хеле хуб дониста бошанд. Таърихи гузашта барои миллат сабақи зиндагӣ гардид ва агар чун китоби таърихро варақгардон кунем, дармеёбем, ки ягон хоини ватан ва душмани миллат зиндагии некро надидааст ва дар мулки бегона ғарибиро бо душвориҳову пушаймониҳо пушти сар карда, дунёро тарк кардааст ва ана ҳамин нуқта бояд барои раҳбарону аъзоён ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ дарси ибрат бошад. Ҳарчанд, набояд душманро кам гирифт, аммо ҷамъ шудани чанд нафар фирориёну мансабталабон дар муқобили миллати чандмиллионнафараи сарҷамъ ва соҳибмазҳаб ин гунҷишкеро мемонад, ки дар шохи дарахти азимҷуссае нишастааст, ки ҳеҷ зиёне ба дарахт надорад. Агарчӣ ниқоби онҳо кайҳо афтода симои ҳақиқии онҳо ба ҷомеа маълум гардидааст ва боз ҳам ҷавонони миллатро зарур аст, ки муттаҳид бошанд ва ба муқобили фитнаҳои навбатии ТТЭ ҲНИ тайёру ҳушёр.

Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон)  мефармоянд: “Аввалин қазоват дар рӯзи қиёмат дар боргоҳи илоҳӣ дар мавриди шахсе хоҳад шуд, ки дар майдони ҷиҳод шаҳид шудааст. Ин шахс ба маҳзари илоҳӣ оварда мешавад. Он гоҳ Худованди мутаъол ба ӯ мегӯяд: Ман ба ту чӣ неъматҳои фаровоне дода будам? Ӯ ба ҳамаи неъматҳои худовандӣ эътироф мекунад. Сипас, Худованд аз ӯ мепурсад, ки он неъматҳоро чӣ гуна истифода кардӣ? Ӯ мегӯяд: Охирон амали ман ин буд, ки дар роҳи Ту ҷиҳод кардам, то ин ки шаҳид шудам ва дар ин асос азизтарин ва гаронбаҳотарин чиз, яъне ҷони худро дар роҳи Ту фидо кардам. Худованди мутаъол ба ӯ мегӯяд:Ту дурӯғ мегӯӣ, ту дар ҷиҳод барои ин ҳадаф ширкат кардӣ, ки ҷуръат ва шуҷоати ту барои мардум маълум шавад, пас ин ҳадафи ту ҳосил шуд ва дар дунё шуҷоати ту шоён шуд ва мардум аз он огоҳ шуданд. Он гоҳ Худованд дастур медиҳад ва ӯ ба сурати вожгун ва нагунсор дар дӯзах андохта мешавад” (Муслим).                                                                                                                 

Чӣ ҳадиси такондиҳандае! Дар баъзе ривоятҳои ин ҳадис зикр шудааст, ки Абуҳурайра (ровии ин ҳадис) гоҳе вақтҳо ҳангоми баёни ин ҳадис беҳуш мешуданд. Вақте барои Ҳазрати Муовия (р) ин ҳадис баён шуд, чунон гиря карданд, ки дар охир беҳол ва беҳуш шуданд. Яъне тибқи талаботи шариати исломӣ дилхоҳ амал чун ба манзури шӯҳратталабӣ ва намоёндан ба мардум  ва ё дигар ғараз ва мақсадҳои дунявӣ ҳамроҳ бошанд, чунон гуноҳи бузург ба назди Аллоҳ таъоло ба ҳисоб меояд, ки пеш аз дигар гунаҳкорон (монанди дуздон, роҳзанон, қотилон, зинокорон ва ғайра) ҳукми дӯзах барои онҳо содир мешавад ва қабл аз ҳама, ҳамин гурӯҳ ба дӯзах андохта мешаванд.

Миллати тоҷик хеле хуб медонад, ки раҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз номи ислом баромад доранд ва барои ба даст овардани молу мулки дунё ва мансаб  ба ҳама роҳ мераванд ва ба ҳама кор қодиранд. Пас, бояд ин далели овардашуда таконе бошад барои аъзоён ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ, то неъматҳои ҷовидона ва абадии охирати ободро ба моли дунё иваз накунанд, халале ба миллати сарҷамъ ворид накунанд ва дини мубини исломро ба фоидаи дунёвии худ истифода набаранд ва дигар бор ба нафрати мардум рӯбарӯ нашаванд ва даст аз ниятҳои бад ва хиёнат бардоранд.

Аброров А, Ҳидоятов Н,

ходимони дини ш. Конибодом

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر