الصفحة الرئيسية المقالات Тафриқа-асли фаъолияти ТЭТ ҲНИ

Тафриқа-асли фаъолияти ТЭТ ҲНИ

Тафриқа-асли фаъолияти ТЭТ ҲНИ
2018-09-19
3140

Агар ба фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-терроритии ҲНИ назар афканем, маълум мегардад, ки ин ташкилот аз бунёд хислати экстремистиву террористи дошта, асоси онро идеологияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фашистӣ ташкил медиҳад. Ҷаҳонбинии наҳзатиҳо ва ҳаммаслаконашон бар пояи тасаввуроте шакл гирифтааст, ки худашон онро ҳамеша ҳақиқати мутлақ меҳисобанд ва дигаронро бадандешу ноҳақ меҳисобанд. Баъ аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, ТЭТ ҲНИ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият дар кишвари мо ба набарди мусаллаҳона даст зада, кишварро ба майдони қатлу куштор табдил дода, боиси парокандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар вақтҳои охир мутаасифона, баъзе аз ҷавонони кӯтоҳназару ғофил аз вазъи воқеии ҷаҳони муосир огоҳ нестанд, ки бо пайвастан ба ҷараёнҳои тундгаро, махсусан ТЭТ ҲНИ зидди миллати худ дар минбарҳои ғарбӣ садо баланд менамоянд. Ин амал аз ношукрӣ ва носипосӣ мебошад, зеро ҳар як дастоварди даврони истиқлолиятро мебояд шукргузорӣ намуд. Барои чунин ашхос бузургон таъкид сохтаанд, ки китобҳои таъриро бештару бештар мутолиа намоянд ва аз таъриху ҳодисаҳое, ки дар тӯли таърих рух додааст дарси ибрат бигиранд. Бузурге қайд кардааст: «Таъриро биомӯзед, зеро аз омӯхтани таърих дарсҳои ибратангезе хоҳед омӯхт, ба дурусти шахсоне, ки аз ҳодисаҳое, ки дар тӯли таърих ба вуқуъ пайвастааст, огоҳ набошанд ва дарси ибрат нагиранд, гумроҳ хоҳанд шуд. Ва баъид нест, ки хатоҳои гузаштагонро такрор намоянд».

Бешак ва мутаассифона дар давраҳои гуногуни таърихӣ, бо сабабҳои мухталиф омилҳои бегона ва андешаи бегонапарастӣ дар тафаккури бархе аз мардуми мо ҷойгир гардида, онро аз андешаи худӣ ҷудо намудааст. Бинобар ин, замона тақозо дорад, ки андешаи миллии тоҷикӣ бозсозӣ шавад. Агар ин амали зикргардида, дар миёни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шавад, хоинону ватанфурӯшону манфиатҷӯён дар миёни ҷомеа ба маротиб коҳиш меёбад.

Қайд кардан зарур аст, ки ин созмонҳои ифротию терористӣ ва гурӯҳҳои иғвоангезу бадхоҳи миллат, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ баҳри расидан ба манфиатҳои геоиқтисодӣ, геосиёсӣ ва геоиҷтимоии худ ба ҳар сухани беасосу дурӯғ даст зада, нақшаи хоҷагони хориҷии худро амалӣ карда истодаанд. Ҳама нишондиҳандаҳо ба мо собит сохт, ки ин гурӯҳҳо фитнаангезу зархариди бегонагон буда, мавриди нафрати миллати тоҷик қарор доранд.

Гуфтаҳои фавқуззикрро изҳороти дахлдори муассисони ТЭТ ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ ва Айёмиддин Сатторов исбот месозад.

Нуктаи дигари муҳим он аст, ки мардуми баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ амалҳои бадхоҳони миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромуш нахоҳанд кард. Бешак, ҳодисаҳои хунини асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон маълум сохт, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон нақшаҳои бегонагон ва хоҷагони манфиатҷӯи худро амалӣ менамоянд.

Худованд бар мусулмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳои сабабгори парокандагиро заруру ҳатмӣ шумурдааст. Пас ба гувоҳи оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ дар асоси фатвоҳои аксари уламои муътабари ҷаҳонӣ таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром мебошад, зеро таъсисёбии чунин ҳизбҳо сабаби тафриқаву нифоқ ва парокандагӣ хоҳад буд. Чунин намунаро аллакай дар зимни иштироки ТЭТ ҲНИ дар нишастҳои САҲА дар шаҳри Варшава шоҳид гардида истодаем. Зеро ТЭТ ҲНИ сиёсатҳои духӯраи бархе аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ба ном дӯстро истифода карда, аз минбари САҲА давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро сиёҳ карданӣ мешавад. Аммо чунин корбурди ТЭТ ҲНИ дигар дар ҷомеаи мо кора нахоҳад кард. Зеро мардум медонад, ки таъсисдиҳандагон ва пуштибонони молии ин ҳизби ифротӣ кист.

Гузашта аз ин, дини ислом дини сулҳу субот буда, ҳамеша тафриқа ва парокандагиро мазаммат намудааст.

Ин ҳақиқатро бояд донист, ки бегонагон ҳеҷ вақт барои миллати тоҷик ватан обод накарда, дисузу ғамхори мо нестанд.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر