Ба миллати тоҷик на ҳизби мазҳабфурӯш лозим асту на кабирии хоин!!!
Хиёнату террор (тарсонидан, даҳшатафканӣ) яке аз вижагиҳои меҳварии самти фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба ҳисоб рафта, самараи фаъолияти ташкилоти мазкур барои миллати номдору тоҷдори ТОҶИКОН чӣ мусибатҳоеро ба бор наовард. Албатта, мардуми тоҷик он мусибатҳои ба сарашон омадаро фаромӯш накардаанд ва таърих низ он рӯзҳоро дар сафаҳоти китобаш то абад сабт кардааст.
Ҳадаф аз навиштани мақола муаррифии «шиноснома»-и ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ва думравонаш набуда, рақамчинии хиёнатҳову аъмоли террористонаи онҳо низ нест. Чунки хиёнату мазҳабфурӯшиҳои ташкилоти мазкурро хурду бузурги мардуми тоҷик медонад, махсусан, насли куҳансол, ки шоҳиди бевоситаи замони хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва гуреза шудани мардуми тоҷик мебошанд. Сокинони кишвар эътирофоти бунёдгузорони ташкилоти мазкур, монанди Мулло Абдурраҳим, Мавлавӣ Айёмиддин ва Эшони Қиёмиддини Ғозиро низ тавассути шабакаҳои телевизионӣ мушоҳида кардаанд.
«Наҳзатиҳо» шарм надошта, бо чунин номаи аъмол ва номи доғдор даъвои «паймони миллии тоҷикон»-ро мекунанд. Боиси таассуф он аст, ки «наҳзатиён» ё «кабириҳо»-и хоину террористро созмони бонуфузи байналмилалие, монанди Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (Organization for Security and Co-operation in Europe) дастгирӣ намуда, аз сиёсати духӯра кор мегирад. Ё САҲА (OSCE) аз майдонбозиҳову хиёнатҳои наҳзатиён огаҳӣ надорад? Албатта, дорад! Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти САҲА (OSCE) 26.02.1992 қабул шуда, 17.02.1994 дар Тоҷикистон намояндагии САҲА ифтитоҳ ёфт ва намояндагии Тоҷикистон дар САҲА (OSCE) бошад, соли 1996 таъсис гаштааст.
Дар фарҷоми мақола ба «наҳзатиён» ё «неонаҳзатиён» аниқтараш ба «кабириҳо» (агар саромадону бунёдгузорони ташкилоти мазкур, монанди Мулло Абдулло ё Абдуллои Нурӣ «бачаи бегона» ё аниқтараш аз батни ташкилотҳои динӣ-сиёсии кишвари ба мо «дӯст»-у «ҳамзабон» таваллуд нашуда, танҳо дастомӯзи онҳо бошад, аммо Кабирӣ «бачаи худӣ» ё дар батни он ташкилотҳо ба вуҷуд омада, рушд намудааст ва баъди таваллуд дар оғӯши онҳо бузургу ба воя расидааст. Ба истилоҳ дар деги динӣ-сиёсии хоҷагони хеш ҷӯшида, ба қиём омадааст. Аз ин рӯ, Кабирӣ барои хоҷагони хориҷиаш ва дигар кишварҳову созмонҳои хориҷӣ ҳамчун фишанг барои бароварда кардани аҳдофу манофеи сиёсиашон нақши калидӣ бозида, дар бозиҳои сиёсӣ низ бозингари ҳирфаӣ ба ҳисоб меравад) пурсиданиам, ки чаро идаои «давлати исломӣ»-ро ба «паймони миллӣ» иваз кардед? Шумо аз кадом «паймон» ҳарф мезанед? Аз кадом «миллат» мегӯед? Чаро даъвои тоҷик буданро мекунед? Куҷоро обод кардеду чӣ хизматҳо барои халқу миллат кардед?
Маро бубахшанд, ин нишасту ҷаласаҳое, ки зери шиори «паймони миллӣ» дар САҲА (OSCE) баргузор шуданду ҳанӯз ҳам идома дорад, арӯсакбозӣ ё холабозии кӯдаконро мемонад. Мантиқан агар фикр кунем, «паймон»-и чор-панҷ хоини Ватан, миллат, халқ, давлат, мазҳаб куҷову ПАЙМОН-и нуҳ миллион тоҷик куҷо? Боре андешидаед, ки «паймон»-и шумо – хоинонро, ки онро зери номи МИЛЛАТИ ТОҶИК пӯшиш медиҳеду дар хориҷ даъвоҳои пучу беасос менамоед, миллат ва халқи тоҷик қабул дорад ё не? Шумо боре зонуи андеша бағал кардед, ки кулфатҳои болои миллати тоҷик овардаатонро халқи тоҷик мебахшад ё не?
Наҳзатиҳо ва «кабириҳо», миллат ва мардуми тоҷик аз вуҷуди шумо барин «душманони дӯстошно» ё «бегонагони худинамо» безор аст!!! Барои миллати тоҷик на ҳизби мазҳабфурӯш лозим асту на Кабирии хоин!!!
Шонсурдинов Маъруф,
мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин