الصفحة الرئيسية المقالات АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ

АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ

АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ
2018-09-24
2351

Сафари пайвстаи Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ин худ нишонаи ғамхорӣ нисбат ба мардуми шарифи ин минтақа ва эҳтиром гузоштан ба эътиқоду шахсияти ин мардум аст. Аз рӯзҳои аввал Пешвои миллат оид ба вазъи ин минтақа таъкидҳо мекарданд.

Имрӯз мутахассисони варзидаи бадахшонӣ дар мақомҳои гуногуни роҳбарикунандаи кишвар кор ва фаъолият мекнунанд, ки ин нишонаи боварӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.

Аммо рӯзҳои охир дар расонаҳои иттилоотӣ баъзе ашхоси ғаразҷӯ дасисаву хабарҳои дурӯғин паҳн намуда, сафари ахири хидматии Пешвои миллатро ба ин минтақа тобишҳои ғалату муғризона дода истодаанд. Ҳамагон медонанд, ки Бадахшон дар кадом гӯшаи кишвари азизамон ҷойгир аст ва атрофи ин вилоятро кадом гурӯҳ ва авзоъ иҳота дорад. Вақтҳои охир гурӯҳҳои ҷинояткор аз кишвари ҳамсоя Афғонистон бо воситаи ин минтақаи  сарҳадӣ ба кишвар маводи марговари мухаддир ва яроқ ворид карда истодаанд, ки аз истеъмоли ин мавод ва яроқи ғайриқонунӣ дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарордошта ҳазорон ҷавонони кишвар саломатӣ ва ҷони худро аз даст дода истодаанд. Аз ин хотир, вазифаи ниҳодҳои қудратии кишвар роҳ надодан ба воридшавии ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ба минтақа мебошад. Мақсади Пешвои миллату Ҳукумат танҳо пешгирии ҷинояту ҷиноляткорӣ ва нигаҳдошти амну субот дар ин минтақа асту халос.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин минтақа пайравони исмоилия ва ҳанафия дар фазои дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ бе ягон маҳдудият кору фаъолият ва ибодати худро анҷом дода истодаанд.

Умед меравад, ки мардуми шарифи Бадахшон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна дасисаву иғвоҳои гурӯҳҳои манфиатҷу дода нашуда, баҳри ободию амну суботи минтақа ва кишвар саҳми худро мегузоранд.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر