الصفحة الرئيسية المقالات БЕ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ҒАЙРИИМКОН АСТ

БЕ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ҒАЙРИИМКОН АСТ

БЕ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ҒАЙРИИМКОН АСТ
2018-09-24
2629

Аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пуррагӣ инъикос карда шуда, тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз рафти корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ огоҳӣ пайдо намуданд.  Дар ҳақиқат, мардуми шарафманди вилояти Бадахшон низ ба мисли тамоми аҳолии Тоҷикистон ба хотири ояндаи миллату давлати хеш, бо дасту дили гарм, бо шукргузорӣ аз ваҳдат, тинҷию амонӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини Тоҷикистон саъю талош намуда истодаанд.  Ва тавре аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муайян гардид, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тараққиёти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ба назар расида, корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.  Дар суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро пинҳон накунем, балки ошкоро гӯем ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷо кӯшиш кунем. Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.  Бешубҳа, бе таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, муайян намудан, омӯхтан ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда корҳои банақшагирифтаро амалӣ намудан ғайриимкон аст.  Ва ҳар кадоми мо бояд дарк намоед, ки Пешвои миллат танҳо ба ҳамин хотир мақомоти дахлдорро муваззаф намуданд, ки вазифаҳои хизматиро бо дасту дили гарм иҷро намоянд.   Абдулҳай Наимов,  имомхатиби масҷиди ҷомеи ш. Норак

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر