الصفحة الرئيسية المقالات Чанд андешае перомуни сафари Пешвои миллат ба вилояти Бадахшон

Чанд андешае перомуни сафари Пешвои миллат ба вилояти Бадахшон

Чанд андешае перомуни сафари Пешвои миллат ба вилояти Бадахшон
2018-09-27
2920

Бояд инсон дар муносибат ба неъматҳои зиндагӣ қадршинос бошад ва бо ақлу фаросати хеш ҳақиқатпазир. Дар ҳақиқат Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат мардуми Бадахшонро мисли дигар мардуми кишвар ҳамеша дастгирию қадрдонӣ мекунанд. Бахусус дар замони истиқлолият барои мардуми Бадахшон дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Маркази исмоилия бунёд гардид, ки пайравонаш дар он озодона расму оини мазҳабии худро анҷом медиҳанд. Албатта ташвишҳои ахири Пешвои миллат беасос набуда, балки воқеъият доранд. Чунки дар рӯзҳои ахир воридоти маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя Афғонистон ба кишварамон ба воситаи гурӯҳҳои ҷинояткор зиёд шуда истодааст. Инчунин яроқҳои ғайриқонунӣ дар дасти баъзе гурӯҳҳои сияҳкор дида мешавад, ки агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, ояндаи шуме барои мардуми кишвар, бахусус мардуми Бадахшон ба бор меорад. Бинобар ин, мардуми Бадахшон бояд ин иқдомоти Пешвои миллатро дуруст дарк кунанд, чунки тамоми талошҳои ӯ баҳри пойдории сулҳу салоҳ ва ободии ин минтақаи дурдасти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Ногуфта намонад, ки инсон ҳар чизеро шукр ва қадрдонӣ кунад, Худованд онро зиёда мекунад. Чунонки дар Қуръони карим Худованд мефармояд: “Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар  ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!” (Сураи Иброҳим, ояти 7).

Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Касе субҳ бархест дар ҳоле ки дар хонадону диёраш амну салоҳ пойдор аст, ягон навъи беморие дар ҷисми эшон нест ва қути якрӯзаи худро дорад, пас гӯё ин ки дунё бо тамоми зебоӣ ва ҷамолаш дар он ҷо ҷамъ омада бошад”.

Аз ин хотир, мардуми Бадахшон, ки ҳамагӣ ба Худо ва Расулаш  имон доранд, бояд ба дастуроти Худованд ва фармудаҳои Паёмбараш пайравӣ кунанд ва бидонанд, ки итоати султон аз дидгоҳи дини мубини ислом воҷиб аст. Ҳамеша шукргузори сулҳу суботи кишвар бошанд ва ҳеҷ вақт нагузоранд, ки шахсе ё гурӯҳе ин сулҳу суботро халалдор созад ва дар миёни мардуме, ки бо ҳам меҳру муҳаббат ва пайванди хешовандӣ доранд, тафриқа эҷод кунад.

Маҳмуд Сангалиев,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر