الصفحة الرئيسية المقالات Чанд андеша роҷеъ ба баёнияи ба ном “Паймони миллӣ”

Чанд андеша роҷеъ ба баёнияи ба ном “Паймони миллӣ”

Чанд андеша роҷеъ ба баёнияи ба ном “Паймони миллӣ”
2018-10-24
2348

Таҳлилро аз банди якуми баёния шуруъ мекунем, ки аз воқеаҳои барои миллати тоҷик басо нангин, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 -1997 ёдрас мешавед.

Шояд фаромуш карда бошед, бамаврид аст ёдрас кунем, ки воқеият чунин буд, ки то соли 1992 дар кишварамон Тоҷикистон, як фазои орому  созандагӣ ҳукмфармо буд ва Шумо -«охундҳо» будед, ки ҳаваси қудрату давлатдорӣ намуда, кишварро ба хуну хок кашидед. Мардуми бегуноҳро нимароҳ намуда, худатон шармандавор ба хориҷ ба назди хоҷагонатон паноҳ бурдед. Баъди бахшишҳо, шарм надошта баргаштед бо маблаѓҳои ҳангуфт, қудрат гирифтед, беҳтарин корхонаву биноҳоро аз худ кардед, кушку бошишгоҳҳо  сохта роҳат мекардед. Қавли ваҳдату дустӣ мекардед, вале дар назди хоҷагонатон муттаҳам ки будед, аз мақсадатон даст накашидед ва бори дигар шарманда гардидед.

Агар Шумо каме нангу номус медоштед, бояд дар назди миллати аз дасти шумо ҷафодида дузону сархам истода, узр мепурсидед, чунки хуни рехтаи садҳо ҳазор нафар навҷавонони Ватан дар гардани шумост. Оҳи модарони чашмбароҳ шуморо то рӯзи охири ҳаётатон  дастбагиребон аст. Ҳаминро донед, ки нияти шумо бад аст, бинобар ин нокомед.

Бале, имрӯзҳо якчанд нафар шахсони ҷиноятпешаи бадахшонӣ волоияти қонунро намехоҳанд, аз моли ҳаром рӯзбариро меъёр кардаанд, мисли шумо наќшаҳои “хоҷагони” берунаашонро мехоҳанд амалӣ намоянд, вале донед, ки онҳо нокоманд. Мисли шумо.

Дирӯз бародарам аз Бадахшон баргашт, гуфтанд, ки ҳама тинҷу ором, ягон гап нест, мардум аз паи зиндагии худанду воқеиятро хуб дарк кардаанд. Касе аз он шахсони алоҳидаи ҷиноятпеша тарафдорӣ нахоҳад кард. Хурсанд нашавед ва умед набандед, ки соли 1992 бозбармегардаду  шумо соҳиби қудрат мегардед. Кӯр як бор асо гум мекунад. Шумо нокомед!.

Азиз Раҳимзод.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر