الصفحة الرئيسية المقالات Бадахшон. Он чӣ наҳзату пайравонаш мехостанд, амалӣ нашуд

Бадахшон. Он чӣ наҳзату пайравонаш мехостанд, амалӣ нашуд

Бадахшон. Он чӣ наҳзату пайравонаш мехостанд, амалӣ нашуд
2018-10-25
2863

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва диниву фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Имрӯз сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар кишвари азизи мо бебозгашт мебошад. Ба ин нукта ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату мулоқотҳои хеш таъқид месозанд.

Аммо мутаассифона, қувваҳои бадхоҳи миллат ин ҳама дастовардҳо ва суботи ҷумҳуриро чун  куршапараке, ки офтобро дидан наметавонад, дидан намехоҳанд.

Аз ҷумла, ташкилоти террористии ҲНИ баъди хиёнатҳояш ба мардуми тоҷик ва фирори роҳбаронаш ба Аврупо дар он ҷо бо гуруҳаконе, ки  танҳо манфиатҳои шахсиашон аз ҳама арзишҳо боло аст, гӯё паймон баста, гуруҳӣ нави ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дода, имрӯз аз дур сӯи хонаи падари хеш, яъне Тоҷикистон ноҷавонмардона санги маломат мепартоянд. Саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки тӯли фаъолияти худ аз номи дини мубини ислом суиистифода намуда, манфиатҳои шахсии худ ва хоҷагонашонро амалӣ менамуданд, ташкилоти худро либоси нав пӯшонида, бо истифода аз ибораҳои демократия, озодӣ, ҳуқуқ ва ғайра боз мехоҳанд дар кишвари азизи мо мақсадҳои нопоки худро пиёда созанд.  Аз ҷумла, ин хоинони ватану миллат вазъи Бадахшонро ба назари нотавонбини худ ваҳим ҷилва дода, мардуми сарбаланди Бадахшонро гумроҳ сохтан мехостанд.

Пӯшида нест, ки то сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ВМКБ дар ин ҷо гурӯҳҳои ҷинояткор фазои носолими қонунвайронкуниро ҷорӣ намуда буданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки амнияти шаҳрвандон ҳар чӣ зудтар таъмин карда шуда, пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад.

Мутаассифона, ин мавқеи дилсӯзонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби душманони миллат ғаразнок маънидод карда шуда, пайравони ТЭТ ҲНИ ва баъзе ҷинояткорон дар сомонаҳои интернетӣ мардумро мехоҳанд ба гумроҳӣ баранд.

Хушбахтона, имрӯз дар Бадахшон вазъ муътадил буда, мардум ба зиндагии ором машғуланд. Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят аз натиҷаи кори якмоҳа ҳисобот дод. Дар натиҷаи саъю кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қисми зиёди яроқ ҷамъоварӣ карда  шуд. Он чи наҳзату пайравонаш мехостанд, яъне норомии Бадахшон амалӣ нашуд. Бинобар ин, нохалафон роҳи иғвоангезиро пеш гирифта, имрӯзҳо тавассути сомонаҳои электронии дурӯғпардози худ мехоҳанд сафедро сиёҳу сиёҳро сафед нишон диҳанд. Вале бехабар аз онанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар  фирефтаи ин афкору андешаи олудаи онҳо нахоҳанд шуд.

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

02.05.2024

أكثر
الفجر03:45
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:29
العشاء20:59
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر