الصفحة الرئيسية المقالات Фарқи ТЭТ ҲНИ аз ДИИШ танҳо дар ном аст

Фарқи ТЭТ ҲНИ аз ДИИШ танҳо дар ном аст

Фарқи ТЭТ ҲНИ аз ДИИШ танҳо дар ном аст
2018-11-01
2218

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар чаҳорумин Конфронси байналмилалии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронии худ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТТЭ ҲНИ таъкид намуда, иброз доштанд, ки вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки созмони террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломиӣ» аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна муроҷиатномаҳову баёнияҳо ва изҳороти худ фазои сиёсии кишварро ғуборолуд гардонидан мехоҳад. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳои пайравони ТЭТ ҲНИ оҳанги таҳдиду таҳқир ба гӯш мерасад. Воқеан ҳам ТЭТ ҲНИ мехоҳад тавассути расонаҳо ва торномаҳо худро ҳамчун як ҳизби ростин нишон бидиҳад. Хиёнаткориҳои ин ҳизби ифротӣ ба давлату миллати тоҷик басо бузург буда, он қотеъона нобахшиданист. Зеро сарчашмаи пайдониши ин ташкилоти террористӣ бар асоси идеологияи ихвониҳо маншаъ гирифта, зери шиори «марг волотарин орзуи мост» ва ғайраҳо амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор дод.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳақиқат, дар ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон роҳбарони ТЭТ ҲНИ даст доштаанд ва боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор нафару фирорӣ гардидани беш аз 1 миллион сокини осоишта гардидаанд ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон миллиардҳо доллар хисорот овардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки кумакрасону пуштибонони хориҷии ТЭТ ҲНИ то ба имрӯз ин созмони ифротиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани ҳадафи хушунатбор асту бас. Аксари намояндагону роҳбарони созмони экстремистию террористии ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштанду доранд ва бо рафторҳои ношоистаю ғайриоқилона ва ғайриинсонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ба ном “Давлати Исломӣ” ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Зеро бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, сохтани зиндонҳои гӯрмонанд, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ ва дигар амалҳои нангин, ки ҳамарӯза анҷом медиҳанд, саросари дунёро ба ваҳшат меорад. Бояд зикр кард, ки пеши роҳи ДОИШ саривақт дар Тоҷикистон гирифта шуда, давлати мо саривақт фаъолияти ДОИШ-ро манъ кард.

Ин ташкилот дар Тоҷикистон худашро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номида буд, аммо фаъолияташ нишон медиҳад, ки фарқи ин ду гурӯҳ фақат дар ном будаасту халос. Дар асл ҳамаи факту далелҳо исбот мекунанд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон  ТТЭТ ҲНИ. Як идеология, як мақсад, як сармоягузор, як вазифа, як тарзи фаъолият.

Таърих гувоҳ аст, ки соли 1992 вақте ки ТЭТ ҲНИ бо нақшаи хоҷагони хориҷияш фазаи яроқноки ҷанги шаҳрвандиро сар кард, аввалин кораш гаравгонгирии мардум, кушодани зиндониҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд ва баъди озод намудани биноҳои дар зери тасарруфи онҳо ҷойгирбуда, аз таҳхонаи он садҳо узви буридаи инсон ва даҳҳо ҷасад пайдо гардида буд.

Имрӯз дар баробари дигар кишварҳри дунё Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нест кардани терроризм ва пойдории сулҳу субот дар саросари кишвар талош варзида, ҳарчи бештар халосӣ ёфтан аз хатари терроризм мубориза мебарад. Ва ин ҳам танҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, гуфтумони қоидаҳои фатво дар масъалаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ, таъсири фатво дар пойдории амну суботи  ҷомеа ва муносибатҳои  байналмилалӣ амалӣ мегардад.

А. Ойев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шаҳринав

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر