الصفحة الرئيسية المقالات Домани некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст

Домани некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст

Домани некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст
2018-11-01
2322

Чунонки тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, нимаи моҳи октябри соли 2018 конфронси байналмилалӣ Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср, таҳти сарпарастии Раиси Ҷумҳрии Миср Абдулфатоҳ ас-Сисӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур аз 73 кишвари ҷаҳон муфтиён, сафирону намояндагони баландпояи Мисри Араб, кумитаҳои дин ширкат доштанд. Ҳамчунин дар ин конфронс раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш қайд кард, ки “...вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад”.

Дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ барои инкишофи гуногунандешӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, назарҳои мухталифи ҳизбу гурӯҳҳо баҳри дарёфти ҳалли мушкилот бояд ёрӣ расонанд. Дар ин росто фаъолият бояд дар доираи талаботи оромию озодии шаҳрвандон ва асосҳои давлат таҳдид накунад. Аммо агар фаъолиятҳои ТТЭ ҲНИ-ро ба риштаи таҳлил кашем, равшан мебинем, ки гуфтору рафтори аъзои ин ҳизб ба ҳам мувофиқ набуд. Онҳо дар фаъолияти хеш дурӯягӣ зоҳир карда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон манфиатҳои Ватан ва миллатро сарфи назар менамуданд. Онҳо ғояи миллатро не, балки мафкураи бегонаро ҷонибдорӣ ва ба андешаи миллӣ муқобил буданд.

Онҳо симои аслии хешро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд ва ҳодисаҳои он солҳо чӣ натиҷа оварданд, ба ҳамагон маълум аст. Аммо ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва муттаҳид сохтани кишвар аз ҷониби давлат ба фаъолияти ин ҳизб иҷозат дода шуд. Вале тавре рафти ҳодисот ва мавқеи ин ҳизб нишон дод, наҳзатиён манфиати хоҷаҳои хориҷии хешро аз ҳар манфиати дигар болотар мегузоранд. Мавқеи нисбат ба аҳдофи миллии мо бегонаро ихтиёр карданд. Дар ҳама маврид аъзои фирории ин ҳизб ба пешрафту комёбиҳои халқҳои Тоҷикистон хати бутлон кашида, дар арсаи ҷаҳон ҷор мезаданд ва пешрафти бемайлони кишварамонро зери шубҳо ва танқиди беасос мекашиданд. Ҳадафи аъзоёни ин ҳизб муайян аст. Онҳо мехостанд худро дар назди маблағгузарони хориҷиашон “содиқ” нишон диҳанд. Магар кӯрнамакӣ аз ин зиёд мешавад? Магар онҳое, ки Ватанро паст мезананд, имони қавӣ доранд? Ҳаргиз наметавон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро аз оғоз то ба анҷом мусбат арзёбӣ кард. Зеро оне ки ба  модари хеш бадбинӣ  мепарварад ва ба умеди моиндор мешавад, расвои ду олам мегардад. Ва онҳое, ки дар ҷомеа тарсу наҳсу ифротгароӣ ва терроризмро ҷонибдорӣ мекунанд, нисбат ба додаҳои Худо ношукранд, албатта, ба коми дил намерасанд.

Аз сӯйи дигар, ҳанӯз аз оғози фаъолит бо ташвиқи хоҷагонашон ором наистода, мекӯшиданд, вазъро дар кишварамон номуътадил гардонанд. Аҳамияти осоиштагӣ, озодӣ ва шукуфоии меҳанро нодида гиранд ва ҳамеша ҳангомаҷӯйи карда, худро аз мардуми Тоҷикистон ҷудо намуда, вазъи ҷомеаро муташанниҷ гардонанд.

Тири фитнаву дасиса ва ифратгароии роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ хок хӯрд. Онҳо бо ин қаноат накарда, бо сарварии генерали хиёнаткор Ҳ. Назарзода исён бардошта, табаддулот кардан хостанд.

Наҳзатиён дар сухан гӯё дӯстдори ватан бошанд, аммо дар амал ба тундгароӣ майл доштанашонро пинҳон намекарданд.

Дар асоси қонун, бо далелҳои раднопазир ва муътамад Суди олии кишвар фаъолияти ин ҳизби ифротгароро манъ кард. Мардуми Тоҷикистон ин қарорро дастгирӣ намуданд. Аммо наҳзатиён берун аз кишвар фаъолияти иғвогаронаи хешро идома дода, мехоҳанд номи миллату ватани моро сиёҳ кунанд. Онҳо моҳи июли соли 2018-ум ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда, ба ин васила шаъну шарафи мардуми сарбаланди тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан хостанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ саривақт ноҷавонмардони ифротгароро безарар гардониданд ва нафарронеро, ки даст ба ин амали зишт заданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд.

Бигзор тамоми мардуми ҷаҳон донанд, ки ТТЭ ҲНИ мақсадҳои нопок дорад, ки саркардагони ин ташкилот душмани миллату давлатҳо мебошанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки ин ҳизби ифротию террористӣ охирин орзуву умеди худро дар ҷомеаи Аврупо низ аз даст медиҳад. Зеро симои аслии он дар Аврупо низ рӯз ба рӯз муаррифӣ шуда истодааст.

Аз ин рӯ, мо-шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҷомеаи солиму орому озоди худро аз ифротгароёну тундгароёни ТТЭ ҲНИ ҳифз намоем.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ба номи

Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر