Иди идҳо

Иди идҳо
2018-11-15
3521

Чанд рӯзест, ки тамоми мардуми Тоҷикистони азиз аз кӯдакону наврасон сар карда, то пирони рӯзгордида ҳама омодагӣ дида истодаанд. Омодагӣ ба ҷашни деринтизоре, ки орзуи деринаи халқи меҳнатқарини тоҷик буд.

Омодагӣ барои ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Пешвои ғамхору дурандеши худ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста бунёд намуд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ояндаи наздик ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Ва обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ карда мешавад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.


Имрӯз аз дурахшиши чашмони тамоми мардуми тоҷик шӯълаи хурсандии истиқбол ба ифтитоҳи ин иншооти бузурги асрро мушоҳида кардан мумкин аст.

Хурсандии бузурге, ки аз тасвири он забони қалам лол мемонад... Ифтитоҳи манбаи нур ба ҳамаи халқи сарбаланди Тоҷик муборак бошад!

Дӯстмурод Меликов,

 имомхатиби масҷиди ба номи Домулло-Шарифи шаҳри Ҳисор

وقت الصلاة في طاجيكستان

05.03.2026

أكثر
الفجر05:23
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:30
العشاء20:00
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر