الصفحة الرئيسية المقالات Дурӯғу фитна умри кӯтоҳ дорад

Дурӯғу фитна умри кӯтоҳ дорад

Дурӯғу фитна умри кӯтоҳ дорад
2018-11-30
2575

Даст доштани ТЭТ ҲНИ дар куштори сайёҳон мавриди таҳлилу баррасии ғолибан тамоми кишварҳои мутараққӣ гардидааст. Ҷойи пӯшида нест, ки қатли сайёҳони велосипедсавор аз ҷониби аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ Қорӣ Носир бо дасти аъзои ин гурӯҳи террористӣ Ҳ. Абдусамадов сурат гирифтааст, дар ҳоле ки сайёҳон дар тамоми кишварҳои олам ҳамчун ашхоси эмин эътироф шудаанд ва ҳамаи қишри ҷомеа ба сайёҳон назари нек доранд. Зеро ҳадафи сайёҳ танҳо дидан аз кишвар ва паҳн кардани фарҳангу тамаддуни он кишвар дар кишвари худ, инчунин навиштани ёддошт дар бораи таърихи башарият аст. Аз ин рӯ, ҳамла ва қатл намудани чунин афрод душманӣ ба инсоният ва насли башар аст. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳу ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ давру замон ба чунин афъоли зишт ва ноҷавонмардона дастур надода ва намедиҳад, зеро Паёмбари акрам (с) раҳмати оламиён аст. Ғадру хиёнат ба ислом бегона аст ва рабте ба он надорад.

Абдулвоҳид Ҳомидов- мутахассиси Раёсати фатво

 

  1. Эътироф. Дасти наҳзат дар куштори сайёҳони хориҷӢ

Ҳодисаи даҳшатоваре, ки рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом тарҳрезӣ ва амалӣ шуда, боиси куштори чаҳор саёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Америка, Швейтсария ва Нидерландия гардид, бори дигар собит намуд, ки хатари гурӯҳу ташкилотҳои терористӣ, хусусан ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Матлаби мазкурро мақомоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд нишастҳои матбуотӣ ва дипломатиии худ, ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан намояндагони кишварҳои Аврупо ва Амрико расонид.

Агарчӣ аксари кишварҳо ҳодисаи номбурдаро ҳамчун амали терористӣ арзёбӣ карданд, аммо мутаассифона то ҳол ҳеҷ манбаъи матбуотӣ ва хабаррасонии хориҷӣ, на аврупоӣ ва на амрикоӣ таъйид нанамуда буд, ки ин амали терористиро маҳз аъзои ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом роҳандозӣ кардааст.

Пас гуфтан мумкин аст, ки “Настояшее время” нахустин нашрияи хориҷии амрикоист, ки ба таври ошкор ба даст доштан дар қатли саёҳони хориҷӣ ТЭТ ҲНИ-ро айбдор карда истодааст. Умед аст, ки нашрияҳои дигар ҳам воқеиятро ба назар гирифта, амалњои террористии наҳзатро мањкум мекарданд, аз рӯи инсоф мебуд.

Беҳрӯз Сатторов,- имомхатиби масҷиди марказии ш. Душанбе

Ходими дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر