الصفحة الرئيسية المقالات НАМОИШИ РИЁКОРОНАИ ТАШКИЛОТИ “ИСЛОМӢ”-ИФРОТӢ

НАМОИШИ РИЁКОРОНАИ ТАШКИЛОТИ “ИСЛОМӢ”-ИФРОТӢ

НАМОИШИ РИЁКОРОНАИ ТАШКИЛОТИ “ИСЛОМӢ”-ИФРОТӢ
2018-12-14
2434

Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш бо ташкили ҳамоишу гирдиҳамоиҳо ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.

Ташкилу роҳандозии чунин "тазоҳурот" аз ҷониби роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.

Ин бадхоҳон мехоҳанд мардумро, махсусан ҷавонони моро фиреб дода, ба доми худ андозанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Зеро пешаи онҳо чунин аст.

Хушбахтона мардуми шарифи тоҷик аз симои ҳақиқии ин ҳизби ба ном “исломӣ” ва дар асл ифротӣ ва амалҳои номатлуби он огоҳӣ пайдо намуд. Имрӯз ободиву пешрафти кишвари азизамон дар тамоми самтҳо ва сарҷамъиву муттаҳидии миллати тоҷик дар атрофи Пешвои миллат ба чашми онҳо мисли хор мехалад ва онҳо тавони дидани онро надоранд. 

Чи тавре ки медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ доим таъкид мекунанд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст.

Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ нагарданд.

Умарҷон Каримов,

мутахасиси пешбари Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر