Шукри неъмат аз фарҳанги сарфакорӣ маншаъ мегирад
Дар ҳама давру замон тоату ибодат дар ҳоле самимӣ ва холисона баргузор мегардад, ки агар муҳит тинҷу ором бошад. Шукри сулҳу суботи кишварро менамоем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзгори хушу осуда дорем. Мардуми кишвар дар масоили давлатдориамон сиёсати Пешвои миллатро пуштибонӣ намуда, баҳри ободиву шукуфоии ватани хеш саҳмгузоранд. Дар умури диниву мазҳабиамон низ раванди тоату ибодати мардум дар масоҷиди хуштарҳу замонавӣ холисонаву самимӣ арзёбӣ мешавад. Ин аст оини ватандондориву хештаншиносӣ.
Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии роҳбарияти олии кишвар ин расидан ба истиқлолияти энергеткӣ буда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Ба истифода додани чархаи аввали НОБ Роғун нишони саодатмандии мост. Фурсати муносиб фаро расида, ки дар ин замина корхонаҳои хурду калон бунёд гардида, ҳамзамон соҳаҳои дигар низ рушд намояд. Ин неъмати бебаҳову арзишманд, ки дар шароити кунунӣ насибамон гардидааст, моро водор мекунад, ки онро қадр кунем. Кушиш намоем бо дарки фарҳанги сарфакорӣ нерўи барқро самаранок истифода барем, он гоҳ метавонем шукри ин неъматро ба ҷой оварем. Парвардигори азизу меҳрубон дар қуръони муборак таъкид намудааст:
«Худованд исрофкоронро дўст намедорад».
Пас агар мехоҳед Парвардигор шуморо дўст дорад, сарфакориро дар ҳама масъалаҳои зиндагии хеш ба назар гиред. Илова бар ин, набояд фаромўш кард, ки ин неругоҳи азими аср дар ҳоли рушду тараққиёти кишварамон бунёд гардида истодааст. Дар вақти истифодаи қувваи барқ моро лозим аст, ки саривақт маблағи истифодаи онро пардохт намоем, то буҷаи давлат аз ин ҳисоб ғанӣ гардад. Он гоҳ низоми зинадигиамон муътадил гардида, дар хонадону ватани биҳиштосоям файзу баракат афзун мегардад.
Усмоналӣ Нуров
муовини Раиси Шўрои уламои
Маркази исломӣ, сархатиби
масҷиди марказии
ш. Бохтари вилояти Хатлон