الصفحة الرئيسية المقالات Ғорату дуздӣ на инсонӣ асту на исломӣ

Ғорату дуздӣ на инсонӣ асту на исломӣ

Ғорату дуздӣ на инсонӣ асту на исломӣ
2018-12-26
2267

Воқеан, ҷойи таассуф аст, ки имрӯз ҳамаи дуздию ғорату куштору ваҳшониятҳоро ба номи ислом содир мекунанд. Ҳол он ки ислом дини муқаддас аст, ғорату дуздӣ, азобу ранҷ ва куштору ваҳшониятро маҳкум месозад. Мусалмони ҳақиқӣ ин амалҳоро ҳаргиз иҷро намекунад. 
Шоҳиди чандин маротиба бар зидди Ҳукумати мамлакат эътироз намудани шахсони алоҳида ҳастем. Баъзе аз шахсони фурӯхташуда аз хоҷагони хориҷӣ маблағҳои ночиз мегиранду дар ивази он манфиатҳои миллату давлатро пушти по мезананд. Далели ин гуфтаҳо амалҳои ҲНИ ва роҳбарияти он мебошад. Дар асл мардуми тоҷик бофарҳангу миллатдӯст буда, хостори ҷангу ҷидол ва нооромиҳо нест, балки ҷонибдори сулҳу оромӣ мебошад. Аммо бо корбарӣ ва маблағгузории хориҷиён наҳзатиён мехоҳанд сулҳи моро ба ҷанг табдил диҳанд. Тибқи маълумотҳои дақиқ, хусусан ҲНИ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Акнун, имрӯзҳо низ  дар хориҷи кишвар муҳоҷирони тоҷикро ба иғво бармеангезанд. Манфиатҳои худро аз ислому пешрафту тараққиёт ва пойдории Ватану сулҳу суботу амният болотар мегузоранд. Ваҳшониятҳои зиёдеро содир намудаанд, ки дар ягон қолиби дину оин ҳеҷ намегунҷанд. Бигзор, онҳое, ки аз номи дини ислом истифода намуда, амалҳои зиштро нисбати халқу миллат ва шахсони бегуноҳ содир кардаанд, пеши инсонияту қонунҳояш ҷавоб гӯянд. 
Шукр, ки имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармост, мардум орому осуда кору фаъолият бурда истодаанд. Бо талошу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардум зина ба зина боло рафта, дар сар то сари кишвари азизамон бунёдкориву ободонӣ ба назар мерасад. Инак, мисоли барҷаста ин агрегати якуми НБО «Роғун» мебошад, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми меҳандӯсту меҳнатқарини тоҷик ба кор дароварда шуд. Моро зарур аст, ки минбаъд низ барои рушду пешрафти кишвари азизамон меҳнати шабонарӯзӣ бикунем. Ба ҳар гуна ақидаҳо ва хостаҳои манфиатҷӯёну дасисабозон дода нашавем.
Мираҳмад ХОҶАНАЗАРОВ, 

имомхатиби масҷиди Далёни Болои  ноҳияи Деваштич

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر