الصفحة الرئيسية المقالات Ободӣ аз оромӣ сарчашма мегирад

Ободӣ аз оромӣ сарчашма мегирад

Ободӣ аз оромӣ сарчашма мегирад
2018-12-28
2541

Мусаллам аст, ки тинҷиву оромӣ неъмати гаронбаҳо буда, ҳеҷ кас ҳаёти осӯдаи худро бе он гузаронда наметавонад. Ҳамин аст, ки Худованд (а) шаҳри Маккаро маъман (ҷои осоиш) қарор дода, ба сокинони он миннат ниҳодааст:

Оё надидаанд, ки мо ҳарами боамн пайдо кардем ва [ҳол он ки] мардуми гирдогирдашон рабуда мешаванд? Оё [чизи] беаслро бовар медоранд ва ба неъмати Худо носипосӣ мекунанд? Анкабут, 67

Ҳар сарзамине, ки дар он сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, гӯё мардумаш тамоми дунёро тасхир намудаанд. Зеро дар партави оромӣ ба ҳама чиз расидан имконпазир аст. Чунон, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

Ҳарки аз шумо саҳар бархезад ва дар худ эминиро ва дар тан сиҳҳатиро эҳсос намояд ва қӯти ҳамонрӯзааш бошад, гӯё барояш дунё ҷамъ оварда шудааст. Тирмизӣ

Маҳз ҳамин тинҷиву амният ва ваҳдату якпорчагӣ  буд, ки мо тоҷикон бо роҳбарии пешвои миллати худ баъд аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ тавонистем, ки ба як сар дастовардҳои динӣ ноил гардем, ки аз ҷумлаи онҳо таъсиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа,  бунёди садҳо масҷиди ҷомеъ ва ҳазорҳо масҷиди панҷвақта, таъйин намудани маош барои имомхатибон ва халифаҳои исмоилӣ, зиёд шудани теъдоди ҳоҷиёни Хонаи Худо, нашри тарҷумаи Қурони маҷид ва як сар асарҳои динӣ, эълон гаштани соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам, дар рӯйхати 500 мусалмони бо нуфузи ҷаҳон шомил намудани номи Пешвои миллатро ном бурдан мумкин аст.

Бинобар ин, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалии Раҳмон аз рӯзҳои нахусти роҳбарияш сулҳи тоҷиконро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, ваъда медод, ки: “Ман ба шумо сулҳ меорам”

Тинҷиву оромӣ пойдевори мустаҳкамест, ки бар он ҳазорҳо ошёна месозанд.

Пас моро зарур аст, ки суботи амнияти кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар атрофи Пешвои Миллат, ки асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷиконанд, муттаҳид бошем ва барои насли оянда як мулки ободеро мерос гузорем.  

Сатторов Беҳрӯз

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر