الصفحة الرئيسية المقالات Андешаҳо оиди Паёми Пешвои миллат

Андешаҳо оиди Паёми Пешвои миллат

Андешаҳо оиди Паёми Пешвои миллат
2018-12-30
2895

     Дар таърихи 26.12.2018 дар толори калони кохи «Сомон» ҷаласаи 7-уми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии ҷТ даъват ва баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ ба аҳли толор ва дар маҷмуъ ба тамоми мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, воқеаҳо ва рўйдодҳои соли сипаришударо ҳамчун соли хотирмон мавриди таҳлил қарор доданд. Дар Маркази исломӣ кормандон ва фурўшандаҳои дуконҳои китобфурўшӣ дастаҷамъона дар толори мачлисгоҳ нишаста, бо камоли эҳтиром ва бо як одоби хосси ниёгонамон Паёми Пешвои миллатро шуниданд ва ба муроҷиатҳои ҷаноби Олӣ диққати махсус доданд. ҳар нафаре нуктаҳои муҳими Паёмро дар дафтари худ қайд мекарданд. Пешвои миллат Паёми имсоларо бо як лаҳни меҳрубонона ироа карда, камбудиҳои ҷиддии баъзе вазоратҳоро ошкоро гўшрас карданд. Дар соли сипаришуда чи қадар бурду бохтҳое, ки дар кишвар ҷой дошт, ҳамаро мушаххасан ба мардуми кишвар расонданд. Илова бар ин, дар маҷлиси умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудани Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар арсаи ҷаҳонӣ  хотиррасон намуданд, ки ин ҳам боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Воқеан дуруст аст, чунонки яке аз донишмандони ѓарбӣ сухани аҷибе гуфтааст: «ҳар миллатро дар олам бо теъдоди аҳолияш баҳо намедиҳанд, балки арзиши он ба донишу малакаи он миллат аст, чунонки табибро ба баландии қадду қоматаш баҳо намедиҳанд, балки ба донишу маҳораташ баҳо медиҳанд».

      Аз дастовардҳое, ки дар соли сипаришуда кишварамон ноил шуд, мардуми олам бохабаранд, аммо ба қавли адиби маъруф Халил ҷуброн: «қадри инсон на дар он аст, ки ба чӣ комёб шудааст, балки қадри ў дар он аст, ки чӣ талоше дорад». Нақшаҳое, ки дар соли нав барои кишвари маҳбубамон тарҳрезӣ шудаанд, сабаби боз ҳам ободу тараққӣ ва тинҷию амонии меҳани азиз хоҳад шуд. Пешвои миллат ба мардум тавсия доданд ва таъкид карданд, ки ҳар фарди ватандўст зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи найрангҳои душманони миллат нагарданд.

Хомўшов ҷ.

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر