الصفحة الرئيسية المقالات Накуҳиши ифротгароӣ аз нигоҳи ислом

Накуҳиши ифротгароӣ аз нигоҳи ислом

Накуҳиши ифротгароӣ аз нигоҳи ислом
2019-01-29
3586

Чӣ тавре ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва вохӯрию суханрониҳояшон гаштаву баргашта таъкид кардаанд, «терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад» . Дар партави ин андешаи пурҳикмати Сарвари давлат, мо дар ин гузориши худ роҷеъ ба моҳияти ифротгароӣ ва ихтилофи усулии он бо фарҳангу суннатҳои диниву ахлоқии мардуми шарифи Тоҷикистон ибрози назар мекунем. Ҳамаи мо тавассути барномаҳои телевизиону радио, инчунин иттилооти шабакаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо огоҳ ҳастем, ки яке аз масъалаҳои мудҳиши замони муосир ифротгароӣ мебошад, ки хусусияти байналмилалӣ гирифтааст ва барои тамоми давлатҳо ва мардуми ҷаҳон таъсири манфӣ ва оқибатҳои харобиовари худро расонида истодааст.

Мафҳуми экстремизм тибқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин чунин таъриф дорад: «Ақида ва мақсадҳо, ки бо усулу воситаҳои зуроварӣ, инчунин зиддиҳуқуқӣ ва ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд ва ҳамчунин воситаи асосии ҳал намудани хусумату низоъ, рад кардани созишу мусолиҳа, инчунин анҷом додани амалҳои зиддиҳуқуқии ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигоҳдории зӯроваронаи ҷамъият, инчунин ба тағйири иҷбории асосҳои сохтори конститутсионӣ, халалдор сохтани якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии давлат, таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ё иштирок дар онҳо» [2, 2]. Дар таърихи ислом ба иттифоқи ҳамаи муаррихон ва донишмандон намунаи равшани ифротгароён пайравони ҳаракати динӣ-сиёсие мебошанд, ки дар адабиёти динӣ ва таърихӣ бо номи хавориҷ зикр шудаанд. Падидаи номатлубу хатарноки ифротгароӣ, ки ҳанӯз дар оғози таҳкиму густариши дини мубини Ислом зуҳур карда буд, дар тамоми давраҳои минбаъдаи таърихи ислом аз байн нарафта, то имрӯз боқӣ мондааст ва ба сари қавму миллатҳои мусулмону ғайримусулмон азобу бадбахтиҳои зиёдеро ба бор овардааст. То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишварҳои Шарқи Миёна, қатлу кушторҳои ваҳшиёнаи мардуми Сурия ва Ироқ, анҷоми амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистону Яману Либиё ва кишварҳои дигари мусулмоннишини Осиё ва Африқо ба таври равшан дида истодаем. Пешвои миллат дар иртибот ба ин падидаи нангин борҳо гуфта буданд, ки «терроризм ва экстремизм – вабои асри XXI» [8, 31] мебошад, ки ин комилан дуруст аст. Дар тӯли давраи қадим ва асрҳои миёна фаъолияти ҳаракатҳо ва ҷараёну мазҳабҳои ифротгаро, ки аксаран хусусият ва мазмуни диниву сиёсӣ доштанд, маъмулан дар ҳудуди як ё якчанд кишвару минтақа маҳдуд мешуд, дар замони муосир бошад, чуноне ки мо инро дар мисоли фаъолияти террористию тахрибкоронаи ал-Қоида, ДИИШ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мебинем, доираи густариши онҳо васеъ гардида, таъсири манҳуси он аз кишварҳои исломӣ ба кишварҳои ғайриисломӣ сироят намудааст.

Нуқтаи дигари муҳим ин аст, ки ифротгароӣ падидаи танҳо хосси ҷомеаҳои исломӣ нест, балки дар таърихи гузаштаву муосири динҳои дигари ҷаҳонӣ низ борҳо ин фаъолиятҳо зуҳур карда, азобу шиканҷа ва зулму ситамҳои гӯшношунидеро боқӣ гузоштаанд. Барои исботи ин андеша, бо фатвои калисои католикӣ аз тариқи дар оташ зинда ба зинда сӯзонидан, чорпора кардан ва дигар тарзҳои даҳшатнок аз тарафи ниҳоди махсуси истинтоқии инквизитсия қатл шудани равшанфикрону озодандешон ва пайравони дину мазҳабҳои дигарро ёдрас кардан басанда аст.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ифротгароӣ на танҳо дар кишварҳои исломӣ, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ аз қадим ҳамчун як падидаи хатарнок ё як навъи таассубомези рафтор ва муносибати иҷтимоӣ вуҷуд дошта, ҳамеша ташаннуҷи вазъи сиёсию иҷтимоӣ, ошӯбу исёнҳо ва ҷангу кушторҳои ваҳшиёнаро ба бор меовардааст. Дар баробари тасдиқи ин воқеият, бояд тазаккур дод, ки ифротгароӣ ва таассуб бо асли таълимоти сарчашмаҳои дини мубини ислом – Қуръон ва аҳодиси набавӣ, инчунин бо таълимоти мазҳаби фиқҳии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки мазҳаби суннатии аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, тамоман мухолиф мебошад [3, 227-228].

Чуноне ки аз мазмуни таълимоти ин сарчашмаҳо натиҷа гирифтан мумкин аст, дини мубини ислом дини таҳаммулпазирӣ, башардӯстӣ ва сулҳпарвар буда, қатлу куштор, адовату душманӣ, зулму ғоратгариро қатъиян маҳкум менамояд ва пайравони худро ба дӯстию бародарӣ, адолату росткорӣ, ватандустию ободкорӣ, сулҳу ваҳдат ва эҳтироми риояи ҳуқуқи ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Дар ояти 90-уми сураи «Наҳл» дар ин боб чунин таъкид шудааст: «Ҳамоно Худованд ба инсофу некӯкорӣ ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва зулму ғоратгарӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад ки шумо пандпазир шавед» [7, 16:90]. Дар баробари ин, Худованд касонеро ки ба қатлу куштор даст мезананд ва ба халқу ватани худ ва он ҷамъияте, ки якҷо бо онҳо зиндагӣ мекунанд хиёнат карда, нияти бад ва ғаразҳои нопок доранд, шадидан маҳкум намуда, дар ояти 93-юми сураи «Нисо» чунин мефармояд: «Ва ҳар касе, ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худованд бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст» [7, 4:94]. Мутобиқи мазмуни ояти дигари Қуръон, қотили як фарди бегуноҳ қотили тамоми башарият ва баръакс, наҷотбахши як фард аз хатари марг наҷотбахши тамоми инсоният шуморида мешаванд, чуноне ки дар ояти 32-юми сураи «Моида» омадааст: «Ҳар касе фардеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонӣ ва наҷоти касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро наҷот дода, якҷо зинда сохтааст» [7, 5:32].

Дар аҳодиси набавӣ низ аз ҷониби фарди мусулмон содир шудани қатлу зӯроварӣ ва дигар амалҳои ҷиноятӣ манъ шудааст. Чунончи дар ҳадисе, ки аз Абӯ-ҳурайра (р) ривоят шудааст, пайғамбари Худо (с) мегӯяд: «Мусулмон бародари мусулмон аст, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Худотарсӣ дар дил аст ва бо ангуштонаш ба тарафи синааш се маротиба ишора мекард. Ҳуқуқи ҳар як мусулмон, хуни ӯ, моли ӯ ва шарафу номуси ӯ назди мусулмони дигар муқаддас аст» [4, 32-(2564), 6706]. Дар ҳадиси дигаре пайғамбари Худо (с) оид ба сангинтарину вазнинтарин гуноҳ будани қатли мусулмон чунин мефармояд. «Қасам ба он зоте, ки ҷони ман ба дасти ӯст, ҳамоно гуноҳи қатли як фарди мусулмон аз гуноҳи аз байн бурдани дунё вазнинтар аст» [6, 14256].

Яке аз амалҳои бисёр зишту хатарнок, ки Қуръону аҳодиси набавӣ онро шадидан маҳкум намудаанд, ифротгароӣ дар дин мебошад. Ин мазмун дар яке аз оятҳои Қурони маҷид хеле равшан ифода ёфтааст. «Эй аҳли Китоб, дар дини худ ифротгароӣ накунед ва аз ҳад нагузаред» [7, 4:171]. Ҳамчунин дар ҳадисе аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) ба мардум хитоб карда гуфт: «Эй мардум, аз ифротгароӣ дар дин ҳазар кунед, зеро умматони пеш аз шуморо ифротгароӣ дар динашон ҳалок кардааст» [1, 3057; 5, 3029].

Умуман, аз таассубу зӯроварӣ ва таҳқири дигарон иҷтиноб варзидани фарди мусулмон ва бо таҳаммул рафтору муносибат кардани ӯ бо пайравони дину мазҳабҳои дигар, эҳтироми расму оинҳо ва суннатҳои қадимаи мардуми мусулмон ва ҳатто ғайримусулмон аз ҷумлаи хусусиятҳои умдаи таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун меъёри иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва таҳкиму таҳаввули ҳувияти миллии мардуми шарифи тоҷик нақши калидиро ба иҷро расонидаанд. Сарчашмаи дигари суннатии тарбияи ахлоқии мардуми тоҷик, бидуни шубҳа, адабиёти оламшумули классикии тоҷик ба шумор меравад. Аз Одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то Аҳмади Донишу Шамсиддин Шоҳин ва Муҳаммад Иқбол ҳамаи намояндагони назми классикии тоҷик аз тариқи тарғибу ситоиши инсондӯстиву накӯкорӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву адолатхоҳӣ ва дигар фазилатҳои нек дар тарбияву камолоти маънавии тоҷикон саҳми бузург гузоштаанд. Дар ин сарчашмаҳо ҳама гуна гуфтор пиндор ва кирдори баду зишт, аз ҷумла ифротгароӣ, мардумозорӣ, таассубу тундрафторӣ дар муносибат бо пайравони дину мазҳабҳои дигар танқид ва барои мусулмонон манъ карда шудааст. Мазмун ва мундариҷаи таълимоти ноби ахлоқии Қуръону аҳодиси набавӣ дар маснавиҳо ва ғазалу рубоиёти шоирони классикии мо ба таври хеле ҷаззобу дилнишин инъикос ёфта, бо як усули ба фаҳму дарки хонанда мувофиқ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Бад-ин маънӣ, назми классикии тоҷик хазинаи панду андарзҳое мебо-шанд, ки бевосита аз матни Қуръону аҳодиси набавӣ маншаи ғоявӣ гирифтаанд ва дар тӯли қарнҳо мардуми шеърдӯсту адабпарвари тоҷикро ба касби ахлоқу фази-латҳои неки инсонӣ даъват менамоянд.

Барои исботи ин фикр аз ашъори шоирони классики тоҷик чанд мисол меорем, ки онҳоро ҳамчун меъёр ё дастуруамали суннатии рафтору муносибатҳои рӯзмар-раи иҷтимоии мардуми тоҷик шинохтан мумкин аст.

Дар таъкиди он, ки инсон бояд дар муносибат бо дигарон хоксорӣ ва фурӯтаниро пеша кунад, чунин гуфтаанд:

Афтодагӣ омӯз, агар толиби файзӣ,

Ҳаргиз нахурад об замине, ки баланд аст (Мавлоно)

Дона то дар хок нафтад, кай ба боло сар кашад, Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.

(А. Шукӯҳӣ)

Дар таъкиди он, ки фарди мусулмон дар муносибат бо мардуми ғайримусулмон бо эҳтиром ва меҳрубонона рафтор кунад, ба мо чунин тавсия додаанд:

Ҳарфи бадро бар забон бурдан хатост,

Кофару мӯъмин ҳама халқи Худост.

Бандаи Ҳақ аз Худо гирад тариқ,

Мешавад бо кофару муъмин шафиқ.

(Муҳаммад Иқбол)

Дар таъкиди он, ки ҳамаи қавму миллатҳо аз як решаанд ва ба ин маънӣ бо ҳам мисли узвҳои як бадан тавъаманд, панди машҳуре ба мерос гирифтаем:

Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

(Саъдӣ).

Шайх Саъдӣ дар идомаи байтҳои боло таъкид мекунад, ки инсон бояд нисбат ба вазъу ҳолат, шодиву нишот ва дарду ғами дигарон бепарво набошад ва бо онҳо шарик шавад, дар акси ҳол ӯро инсон шуморидан ҷоиз нест:

Ту гар аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ! 

Дар танқиди зиёдаравию ифротгароӣ, тарғиби муросову мудоро ва риояи меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ бузургони мо басо хуб фармуданд:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

(Мавлоно)

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:

Бо дӯстон – мурувват, бо душманон – мудоро.

(Ҳофиз)

Тавре ки мебинем, яке аз ғояҳои асосии таълимоти ахлоқии Қуръону аҳодиси набавӣ, манобеи таълимоти фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ ва адабиёти классикии тоҷик, ки дар тӯли беш аз 1000 сол ҳамчун сарчашмаҳои диниву суннатии тарбияи ахлоқию маънавии мардуми шарифи тоҷик хизмат намудаанд, барои парвариши инсони аз ҳама ҷиҳат комилу фозил, тазкияи нафси инсон ва пок сохтани он аз ҳама гуна разолати ахлоқӣ, аз ҷумла ифротгароӣ равона гардидааст. Аз и н ҷиҳат, ҷалби таваҷҷуҳи мардум, алалхусус ҷавонону наврасон ба омӯзиши таълимоти манбаъҳои суннатии тарбияи ахлоқӣ – расоилу ашъори пурҳикмати мутафаккирону шоирони классикии тоҷик барои пешгирӣ намудани хатари рахнаи ифротгароӣ ба мафкураи мардуми аслан сулҳдӯсту таҳаммулпарвари Тоҷикистон муҳим мебошад.

Мутеъуллоҳ Наҷотзода,

муовини Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر