الصفحة الرئيسية المقالات Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад

Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад

Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад
2019-07-25
2095

Ҳимояти марзу буми ватани азизамон дар уҳдаи ҷавонони боирода ва дар азмашон устувор вогузорида шудааст. Ҳар як ҷавоне, ки иродаи мустаҳкаму қавӣ дорад, барои хизмати Модар-Ватан собитқадамона кӯшишу ғайрат менамояд, то ин ки падару модар, хоҳару бародар, наздикону пайвандон ва мардуми азизи кишварамон орому осоишта зиндагӣ ба сар баранд, дар чеҳраи кӯдакон ҳамеша хандаву хушҳолӣ ҳувайдо бошад ва Истиқлолияте, ки бо ранҷу машаққатҳои гарон ба даст омадааст, ҳамеша пойдору устувор боқӣ бимонад.

Албатта ҳар як ҷавоне, ки барои ҳимояи Ватан собитқадам ва устувор мебошад, Аллоҳи бузург ҳамеша ёру мададгори ӯ мегардад, зеро чунин ҷавонон бо ҳукми Худованд, ки дар ояти 200 сураи Оли Имрон: «Эй мӯъминон сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед бошад ки растагор шавед» амал мекунанд.

Муфассирон мегӯянд, ки ибораи «ва робиту» яъне омода бошед, дар ҳаққи марзбонон мебошад, яъне Худованди мутаол мегӯяд, ки шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед. Чунин ҷавонон баъди адои хизмати Ватан албатта дар зиндагии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. Худованд чунин ҷавононро дар паноҳи исмати некаш эмин нигоҳ дошта ҳамеша сарбаланду хонаобод бигардонад.

М.Муҳамадхоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Имоми Аъзам»-и ноҳияи

Б.Ғафуров

وقت الصلاة في طاجيكستان

07.05.2025

أكثر
الفجر03:42
الظهر12:40
العصر17:35
المغرب19:34
العشاء21:04
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر