الصفحة الرئيسية المقالات Исрофкор набошем

Исрофкор набошем

Исрофкор набошем
2019-07-25
1900

Аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз дувоздаҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра пеши роҳи исрофкориҳои беҳуда, ки дар асоси таълимоти шариати исломӣ ҳаром аст, гирифта шуд. Зиёфатҳои бодабдабаю намоишкорона низ аз байн рафт. Ростӣ қабл аз қабули қонуни мазкур бисёр оилаҳое буданд, ки худро ба доми қарз асир карда, маросимҳои хурофотии дар аҳкоми шариат набударо иҷро мекарданд. Ба даромади оилаи худ зарар меоваранд.

Дар мавъизаҳои намози ҷумъа дар мавзӯъҳои «Исроф-ҳаром», «Танзим–баракати зиндагӣ» баромадҳо намуда, зарари исрофкориҳоро чи дар рӯзгор ва чи дар шариат бори дигар бо тафсил шарҳ дода мешавад. Гузашта аз ин, вохӯриҳои пайваста бо сокинон боис гашт, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳот бисёр амалҳои хурофотӣ, ки боиси исрофкорӣ мешуд, барҳам хӯрданд.

Ташаббус, пешниҳод ва дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим гузошт. Фарзанди хирадманду фарзонаи миллат борҳо дар сухан­ро­ниҳои худ даъват менамоянд, бояд ба хурофотпарастию исрофкориҳои беҳуда нуқта гузорем. Албатта, шариати ислом ҳеҷ гоҳ садақаву хайрияро мамнуъ наменамояд. Худованд бар бандагонаш зулмро намеписандад. Мо худ будем, ки то қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дунболи хурофот шуда, исрофкории беҳуда менамоем.

Бузургон фармудаанд:

Калиди гулшани Фирдавс дасти эҳсон аст,

Биҳишт металабӣ аз сари дирам бархез.

Яъне, агар мардуми мо барои хайру садақа дасти расо дошта бошанд, метавонанд онро ба ятимхонаҳо, хонаи маҷрӯҳон пешниҳод намоянд ва ё роҳе ё пуле бисозед, ки он садақаи ҷорияро маҳсуб аст.

 Мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он ҳақиқат аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ бирасем ва онҳоро бо тақозои ақлу андешаи солим истифода намоем, чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо ва азову мотам муассиртарин омили баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меояд. Калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст, ҳамон тавре ки дар ҳадиси муборак омадааст: «Моли муъмин чун хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам аст».

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر