الصفحة الرئيسية المقالات Аз дурӯғгӯӣ то эҷоди фитна

Аз дурӯғгӯӣ то эҷоди фитна

Аз дурӯғгӯӣ то эҷоди фитна
2019-07-25
1894

Чандест, ки дар расонаҳо оид ба посух гуфтани ҳайати Тоҷикистон ба суолҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал дар Женеваро мухолифин мавриди баҳс қарор дода, бо хурсандӣ изҳор медоранд, ки «ин сангинтарин имтиҳон назди созмонҳои байналмилал барои Тоҷикистон буд». Яъне, онҳо бар ин андешаанд, ки ҳайати кишвари мо «аз имтиҳон нагузашт».

Аммо бояд иброз дошт, ки чун ҳамеша ин «дӯстону ғамхорони халқи тоҷик» аз суханбофию туҳмату дасисаҳо хаста намешаванд, балки ба ин васила ва ҳамзамон, худро бо андешаҳои ботилашон осуда менамоянду барои шунидани суханони бемағзашон гӯшҳои «холӣ» меҷӯянд. Бояд ин ҳақиқатро иброз дошт, ки дигар мардум афроди палиду хоинро хуб мешиносанду ба суханонашон ва эҷодҳои дурӯғинашон бовар надоранд. Роҳбари ҳизби террористии наҳзат ба суоли рӯзноманигорон посух додааст, ки ҳайати Тоҷикистон барои суолу ҷавоб ва ё ба қавли мухолифин «имтиҳон» омодагии хубе дидааст. Зимни хондани ин ҷумла, дар воқеъ, инсон аз ақлу фаросати пасти ин шахс ба ҳайрат меояд. Дарк мекунад, ки ӯ аз ҷавобҳои пухтаву андешамандонаи мардони донои ҳамватан ба хашм омадаву худро чун ҳамеша дармондаву бечора эҳсос карда, аз оташи ғазабу ҳасад кӯшиш намудааст, то боз афсонаҳои нав ба нави худро офарад. Афсонаҳое, ки ҳатто худаш низ афсона будани онҳоро медонад ва аз ҳама аҷибтар медонад, ки мардум низ афсона будани посухҳояшро дарёфтаанд. Мо фикр мекунем, ки ин як беморӣ аст. Роҳбари наҳзатиҳои гумроҳ бемор мебошад. Ӯ агар ба рӯзе як сухани ноҷое зидди миллати тоҷик нагӯяд, осуда намешавад, қарори худро аз даст медиҳад. Инчунин, медонад, ки мардуми тоҷик дигар ба суханҳояш умуман таваҷҷуҳ надоранд ва ӯро ҳатто инсони соҳибақл намеҳисобанд. Бо вуҷуди ин аз гуфтану бофтану туҳмат задан хаста намешавад. Чи хуб мебуд, агар мард худро на бо суханҳои беманфиат ва пур аз туҳмат муаррифӣ намояд, балки бо кору пиндору гуфтори нек ба мардум шиносонад.
Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر