المقالات
Ислом дини поку беолоиш, роҳи одобу ахлоқ, мактаби адолату инсонпарварӣ мебошад. Ин дини мубин пайравони хешро ҳамеша ба ростиву садоқат ва муомилаи нек бо дигарон тавсия намуда ва аз роҳи қаллобиву мардумфиребӣ барҳазар доштааст.
Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини ислом ба бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рўза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў қурбонӣ кун”.
Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати Ислом аз хонадони Ҳазрати Иброҳим (ъ) ба ёдгор мондаанд. Яке аз озмоишҳои Худованд аз Ҳазрати Иброҳим (ъ) забҳ ва қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил дар роҳи Худо буд. Ҳазрати Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб диданд, ки фарзанди худ Исмоилро забҳ мекунад. Ў яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт.
Аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беш аз сездаҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра пеши роҳи исрофкориҳои беҳуда, ки дар асоси таълимоти шариати исломӣ ҳаром аст, гирифта шуд.
Беш аз шаш моҳ инҷониб қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон ба бемории марговари инсоният covid-19, ки ҷони ҳазорҳо одамро рабуда, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ миллиардҳо доллари има хисорот ворид кардааст, муборизаи беамон мебаранд. Барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани ин беморӣ ва таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ чораҳои муассир меандешанд. Мутаассифона, то имрӯз абарқудратҳо низ ваксинаеро пайдо накардаанд, ки пеши роҳи онро гирад.
Бояд бидонем, ки Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини мубини Ислом буда, мусалмонон дар ин рӯз барои наздик шудан ба даргоҳи Худованди таборак ва таъоло қурбонӣ мекунанд.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر