مسألة № 01003
Иди шарифи Рамазон имсол кай сар мешавад?
مسألة:
Ассалому алайкум. Иди шарифи Рамазон имсол кай сар мешавад?
Саволдиҳанда: Адҳамҷон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар сол дар назди Маркази исломӣ комиссияи махсус иборат аз чанд нафар мутахассисон оиди дақиқ муайян намудани аввали моҳҳо, вақти тулуъи субҳ ва ғуруби офтоб, инчунин рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон фаъолият мебаранд. Пеш аз оғози моҳи Рамазон хулосаи ин комиссия ба ҷаласаи Шӯрои уламо пешниҳод мегардад. Пас аз қарори Шӯрои уламо оғози моҳи Рамазон ва рӯзҳои ид муайян мегардад ва тариқи васоити ахбори омма ба мардуми кишвар эълон мешавад.