مسألة № 01010
Бародарам як духтарро дӯст медорад, вай ҳам ӯро дӯст медорад (ба гуфти онҳо байнашон ҳеҷ алоқа нашудааст). Шавҳараш якуним сол шуд, ки ба шаҳри Маскав рафта, вале пул равон намекунад.
مسألة:
Домуллои муҳтарам, бародарам як духтарро дӯст медорад, вай ҳам ӯро дӯст медорад (ба гуфти онҳо байнашон ҳеҷ алоқа нашудааст). Шавҳараш якуним сол шуд, ки ба шаҳри Маскав рафта, вале пул равон намекунад. Аз бонк пул гирифта, бо фиреб духтарро қарздор кардааст. Духтар ҷавобашро мепурсад, лекин шавҳараш ҷавобашро намедиҳад. Духтар мегӯяд, ки зоминам мемонӣ. Оқибат чӣ мешавад?
Саволдиҳанда: Маъмуралӣ
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз сабаби он ки масъалаи хонаводагӣ асрор ва мушкилоти зиёд дорад, аз ин хотир, дар сурати муроҷиати худи зану шавҳар ба Раёсати фатво ин масъала баррасӣ хоҳад шуд.