مسألة № 00103

Дар намоз танҳогузор саҷдаи саҳвро як тараф медиҳад ё ҳар ду тараф? Дар намози ҷамоат як тараф аст, инашро медонам. Хоҳиш мекунам, ҷавоби шуморо интизорам.

مسألة:

Аввалан ассалому алайкум. Дар намоз танҳогузор саҷдаи саҳвро як тараф медиҳад ё ҳар ду тараф? Дар намози ҷамоат як тараф аст, инашро медонам. Хоҳиш мекунам, ҷавоби шуморо интизорам.

إجابة:

Агар бар касе саҷдаи саҳв воҷиб шавад, танҳо ба як тараф салом медиҳад, хоҳ танҳогузор бошад, хоҳ имом ва хоҳ муқтадӣ. Дар китоби “Раддул-муҳтор”, боби “Суҷуди саҳв” чунин меорад:

يَجِبُ بَعْدِ سَلَامٍ وَاحِدٍ عَنْ يَمِينِهِ فَقَطْ سَجْدَتَانِ و تَشَهُّدٌ وَسَلَامٌ

“Пас аз як саломи танҳо ба ҷониби рост, ду саҷда кардан, ташаҳҳуд хондан ва салом додан воҷиб аст”.

2015-06-19
3986
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.06.2025

أكثر
الفجر03:18
الظهر12:40
العصر18:02
المغرب20:02
العشاء21:32