مسألة № 01034

Духтаре то ҳол шавҳар накарда дар синни 50-солагӣ аз олам даргузарад, ҳукмаш дар он дунё чӣ мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум домулло. Духтаре то ҳол шавҳар накарда дар синни 50-солагӣ аз олам даргузарад, ҳукмаш дар он дунё чӣ мешавад? Маънои номи Ширингул чӣ бошад? Аксари одамон мегӯянд, ки ин номи бачаи шайтон аст. Худованд аз шумо розӣ бошад.

Саволдиҳанда: Сафармуҳаммад

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, духтаре, ки бидуни издивоҷ аз олам мегузарад, агар дар зиндагии худ амалҳои солеҳ карда сазовори биҳишт шуда бошад, Худованд ба ӯ тибқи амалҳои анҷомдодааш мақому дараҷа медиҳад ва муносиби ҳамин мақомаш ба ӯ шавҳар ато мефармояд. Шавҳари ӯ аз ҷумлаи он афроде метавонад бошад, ки дар синни ҷавонӣ бидуни издивоҷ аз дунё гузаштааст ва Худованд барояшон дар биҳишт неъмати издивоҷро ато хоҳад намуд. Ширингул номи духтарона буда, маънояш гули ширин аст, яъне фарзанд дар зебоӣ чун гул ва дар меҳру муҳаббат чун шаккар ширин аст, бинобар ин маънои ин ном дуруст аст. Аммо ҳеҷ фарзанди шайтон чунин ном надорад, зеро шайтон ҳаргиз зебо намешавад.

2017-04-10
4917
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

01.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:19
المغرب17:17
العشاء18:47